Озмун

Озмуни «Ҳусноро» ба истиқболи Наврӯз

husnoro.jpgБо ташаббуси Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон ба истиқболи ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Қасри ҷавонони шаҳри Кӯлоб миёни ҷавондухтарон озмуни минтақавии «Ҳусноро» баргузор гардид.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд, мақсади озмун тарғиби арзишҳои миллӣ, маърифати оиладорӣ, рӯ овардан ба амалҳои созандагӣ ва инчунин баланд бардоштани завқи зебоипарастии ҷавондухтарон

Озмуни «Авто-Бону-2017» ҷамъбаст гардид

Дар арафаи ҷашни Рӯзи Модар ва Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 бо ташаббуси Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо рӯзномаи «Вечёрка», дар автодроми автоматикунонидашудаи ба номи А.Турсунов, воқеъ дар кӯчаи Садриддин Айнии пойтахт озмуни «Авто-Бону-2017» доир карда шуд.
Тавре аз Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, муовини

Озмуни «Беҳтарин хабарнигори фаврӣ»-и ВКД

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни «Беҳтарин хабарнигори фаврӣ»-ро эълон менамояд.

Тавре аз вазорати мазкур хабар доданд, дар озмуни мазкур рӯзноманигорон, хабарнигорон ва намояндагони Васоити ахбори омма, ҳамчунин шаҳрвандоне, ки дорои истеъдоди хабарнигорӣ мебошанд,  метавонанд фаъолона иштирок намоянд.

Страницы