Осиёи Марказӣ

ВМКБ: дар нуқтаи баландтарини Осиёи Марказӣ дидбонгоҳи нави марзӣ ифтитоҳ гардид

Сарҳадбонони дидбонгоҳи Харгушӣ, ки дар мавзеи дурдасти   ноҳияи  Ишкошим ҷойгир аст, соҳиби бинои замонавӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои муосири хизмати низомӣ гардиданд. Баъди буридани лентаи рамзӣ бо ҳузури Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Абдураҳим Қаҳҳоров дидбонгоҳи мазкур расман ба фаъолият оғоз кард.

Дар Душанбе бори аввал дар Осиёи Марказӣ Озмуни имлои забони англисӣ доир гардид

Дар Гўшаи амрикоии шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии бевоситаи Сафири ИМА дар Тоҷикистон Элизабет Миллард Озмуни имлои забони англисӣ баргузор гардид, ки дар он 11  нафар довталабон аз Тоҷикистон,  Қазоқистон, Қирғизистон ва Ўзбекистон иштирок намуданд.
Озмуни имло – мусобиқаи маъруф дар Амрико мебошад, ки дар он аз иштирокчиён ҳарф ба ҳарф талаффуз кардан ва навиштани калимаҳо ба забони англисӣ талаб карда мешавад.

Мулоқоти минтақавии сарварони идораҳои ҳолатҳои фавқулодаи Осиёи Марказӣ оид ба коҳиши хатари офати табиӣ

Дар доираи татбиқи тавсияҳои «Барномаи қолабии Сендай оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ дар солҳои 2015-2030» дар шаҳри Душанбе мулоқоти минтақавии сарварони идораҳои ҳолатҳои фавқулодаи Осиёи Марказӣ оид ба коҳиши хатари офати табиӣ баргузор шуд.