Тоҷикистон қабои наврӯзӣ ба бар кардааст
Опубликовано вт, 21/03/2017 - 13:15 пользователем tvt
Имрӯз сарзамини Тоҷикистони биҳиштосо ба истиқболи Наврӯзи хуҷастапай қабои идона ба бар намудааст. Дар минтақаҳои гуногуни кишварамон — Суғду Хатлон, Рашту Бадахшон ва Ҳисори Шодмон ҷашни Наврӯзи фархунда дар сатҳи баланд бо баргузории оинҳои наврӯзӣ хушу наку истиқбол мегардад.


Дар ин лаҳзаҳо дар Муассисаи давлатии «Боғи пойтахт» ба муносибати фарорасии Наврӯзи байналмилалӣ барномаи наврӯзӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҷараён дорад.
Дар шаҳри Турсунзода баъди ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун ва шиносоӣ бо рафти корҳои саҳроӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои бошукуҳи идонаи ҷашни байналмилалии Наврӯз иштирок ва суханронӣ карданд.