Сооронбой Жээнбеков: «Қирғизистону Тоҷикистонро риштаҳои қавии дӯстӣ ба ҳам мепайванданд»
Опубликовано чт, 01/02/2018 - 22:06 пользователем tvt
«Қирғизистону Тоҷикистонро риштаҳои қавии дӯстӣ ба ҳам мепайванданд. Мо тамоми маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории дарозмуддатро муҳокима ва ба мавзуъҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ таваҷҷуҳ зоҳир намудем.


«Шарикии Тоҷикистону Қирғизистон минбаъд низ бемайлон ба манфиати кишварҳоямон ва ҳамаи минтақа рушд мекунад», — изҳор доштанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз мулоқоту музокирот бо Президент Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков.
Имрӯз дар доираи сафари расмии худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, ки дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт ҷойгир аст, гулчамбар гузошт.