Истиқлолият

Хонандагони деҳаи Паткуноби ноҳияи Дарвоз дар остонаи ҷашни Истиқлолият соҳиби бинои нави таълимӣ гардиданд

Хонандагону омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 41 ноҳияи Дарвоз, ки  чанд соли охир дар бинои садамавӣ мехонданд, акнун таҳсилро дар  бинои хуштарҳу зебо ва замонавӣ идома медиҳанд. Дар ин бора хабарнигори минтақавии АМИТ “Ховар”  Файз МИРАСАН иттилоъ дод.