Хатлон

Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи марҳалаи дуюми Маҷмааи истеҳсолии «Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил»

Ҳозирини гиромӣ!

Ҳамаи шумо ва сокинони сарбаланду заҳматпешаи ноҳияи Данғараро ба муносибати оғози фаъолияти марҳалаи дуюми Маҷмааи истеҳсолии «Ҷунтай Данғара»-корхонаи муосири ресандагӣ ва оғози сохтмони корхонаи истеҳсол ва рангубори матоъ самимона табрик мегӯям. Ҳамчунин, шумо ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи Конститутсия, ки фардо таҷлил мегардад, табрик менамоям.

Ба истифода додани навбати дуюми Маҷмааи нассоҷии ҶСП «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил»

5 ноябри соли ҷорӣ дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани навбати дуюми Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил» иштирок намуданд.

Театри лӯхтаки «Афсона» -и Хатлон бори аввал дар Фестивали «Чодари хаёл» иштирок мекунад

Муассисаи давлатии Театри вилоятии лӯхтаки «Афсона» -и вилояти Хатлон бори аввал бо намоишномаи тарбиявии «Подоши амал» дар қатори дигар театрҳои лӯхтаки ҷумҳурӣ Тоҷикистонро дар Фестивали VI байналмилалии театрҳои касбии лӯхтак «Чодари хаёл», ки моҳи октябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, муаррифӣ менамояд.

Тавре аз Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги

Страницы