Эрон

Дар Эрон бар асари заминларза 141 нафар ба ҳалокат расиданд

Бар асари заминларзаи шиддатнокиаш 7,2 балл, ки рӯзи якшанбе, 12 ноябр дар марзи Эрону Ироқ ба вуқӯъ пайваст, 141 нафар ба ҳалокат расида, беш аз ҳазор нафар маҷрӯҳ гардиданд. Дар ин бора агентии эронии «Fars News Agency» бо ишора ба хадамоти мудофиаи гражданӣ хабар медиҳад.

Сафири Эрон ташаббусҳои Сарвари давлати Тоҷикистонро муҳим арзёбӣ намуд

Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ дар ҳошияи Симпозиуми байналмилалии  сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушти устувор, ки таҳти унвони «Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт» дар шаҳри Душанбе идома дорад, обро маводе номид, ки аҳамияти он дар ҷаҳон рӯз ба рӯз меафзояд ва «арзишаш дар оянда аз нафт ҳам бештар мешавад». Дар ин бора агентии иттилоотии «Форс» хабар додааст.