ДМТ

70-СОЛАГӢ МУБОРАК! Андешаҳои Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода оид ба бурду бохти ин боргоҳи илму маърифат

Соли 1948 дар ҳаёти  илмиву мадании Тоҷикистон рӯйдоди бузурге ба амал омад – Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъсис ёфт. Солҳои аввали таъсис он Доншгоҳи давлатии Тоҷикистон ном дошт, дорои 3 факултет буд ва дар он 250 нафар донишҷӯ таҳсил мекарданд. Соли равон аз таъсис ёфтани он 70 сол сипарӣ гардид ва имрӯз донишгоҳ  дорои 19 факултет ва 117 кафедра мебошад.