Пардохти роҳкиро дар хатсайрҳои автобусҳои №1, №7 ва №43 тариқи кортҳои электронӣ ба роҳ монда мешавад
Опубликовано чт, 31/01/2019 - 12:07 пользователем admin
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки шурӯъ аз 1 феврали соли 2019 дар хатсайри автобуси №1 (кӯчаи Гагарин – маҳаллаи Чимтеппа) пардохти ҳаққи роҳкиро пурра тариқи кортҳои электронӣ ба роҳ монда мешавад.


Боз 25 адад автобусҳои мусофиркашонӣ дар натиҷаи татбиқи лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд» ба маркази вилояти Суғд ворид гардид, ки ҳадаф беҳсозии ҳолати кунунии хизматрасонии нақлиётҳои ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад. Автобусҳои наву замонавӣ тамғаи «ЛИАЗ» буда, истеҳсоли Федератсияи Россия мебошанд.
Ба шаҳри Хуҷанд ҷиҳати беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонӣ ва аз байн бардоштани мушкилоти мавҷуда 25 адад автобусҳои замонавии истеҳсоли Федератсияи Россия ворид карда шуданд.