Барои напардохтани алимент парвандаи 35 нафар мардон ба Прократураи ноҳияи Рӯдакӣ пешниҳод шуд
Опубликовано вс, 22/07/2018 - 23:32 пользователем adminСоли равон иҷрочиёни суди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ аз 1 ҳазору 476 адад санадҳои судии ба истеҳсолот ворид гардида, 1 ҳазору 253 ададашро ба таври воқеӣ ба иҷро расонидаанд. Дар ин бора иҷрочии калони суди ноҳияи Рӯдакӣ Додарбек Қурбонов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.