Асари ситорашиносӣ-тақвимии «Зиҷ»-и Аҳмади Дониш манзури ҷомеа гардид
Опубликовано чт, 07/12/2017 - 12:02 пользователем tvtАкадемияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки 8 декабри соли равон бахшида ба 190–солагии мутафаккири шаҳир Аҳмади Дониш таҳти унвони «Аҳмади Дониш ва хориқаи таърихии фарҳанги тоҷикон» ҳамоиши илмӣ доир намояд. Дар ҳамоиши илмӣ се китоби тозанашр марбут ба ҳаёт ва осори Аҳмади Дониш рӯнамоӣ мегарданд.