АИ ҶТ

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷоизаи «Springer Nature» гардид

«Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 аз ҷониби ширкати «Springer Nature» ба мукофот аз рўи бахши нашриётии «Муассисаи дорои теъдоди зиёди маводи чопӣ» сазовор дониста шуд»,-мужда расонд президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ зимни ҷаласае, ки имрӯз оид ба фаъолияти нуҳмоҳаи ин ниҳод баргузор гардид.