Таҷлили Рӯзи модар дар Кумита

Имрӯз дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва бонувони сохторҳои кумита бахшида ба Рӯзи модар чорабинии идона баргузор гардид.

Нахуст раиси кумита Саид Нуриддин Саид ҳозиринро ба муносибати ин ҷашни зебои баҳор табрику таҳният гуфта, аз ҷумла изҳор дошт, ки модар – тараннумгари зебоӣ, рамзи ҷовидонаи меҳру вафо, идомабахши насли инсон ва ойинҳои неки гузаштагон буда, дар замири фарзандон меҳри Ватан, одобу маънавиёт, эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои инсониро ҷой медиҳад.

Раиси кумита нақши занони мамлакатро дар таълиму тарбияи фарзанд муҳим арзёбӣ намуда, афзуд, ки модар тавлидгару мураббии инсон ва устоди беназири фарзанд аст. Нахустин мактаби инсон-мактаби модар мебошад, ки ҳамаи мо таҳти парасторӣ ва навозиши ў ба камол расида, сабақи одамият омўхтем. Фарзанди ҷисман ва аз ҷиҳати маънавӣ солим ва фарзанде, ки аз лаҳни ширини Модар панду насиҳат мешунавад, ба қадри модар, миллат, Ватани худ, забони шевои модарӣ, таъриху адабиёт ва фарҳанги куҳанбунёди миллати тамаддунофари хеш мерасад.

Доир ба нақши занону духтарони кишвар Нуриддин Саид изҳор намуд, ки занону модарон баробари иҷрои рисолати аслии хеш, яъне тарбияи насли ояндасоз, инчунин, сиёсатмадору олим, роҳбару роҳнамо, омӯзгору табиб, ҳунарманду варзишгар, соҳибкори муваффақу коршинос, рўзноманигору коргардони касбӣ буда, дар рушди ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, яъне ободии мамлакат саҳми босазо доранд.

Маҳз ҳамин иродаи қавӣ, нерўи созанда ва ободкору созанда будани занону модарони тоҷикро ба инобат гирифта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми занро дар Тоҷикистони соҳибистиқлол баланд бардошта, имконияту шароити ниҳоят мусоидро барои фаъолияти боз ҳам густурдаи занону духтарон дар ҳамаи вазифаҳои масъулиятноки давлатӣ фароҳам оварданд.

Дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифтани «Рӯзи Модар» - ро роҳбарияти кумита нишонаи эътибору эҳтироми зиёди роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат нисбат ба занону духтарон ва модарони ниҳоят гиромии мо гувоҳи равшани дар даврони соҳибистиқлолӣ ба мақому манзалати хосса соҳиб гаштани онҳо мебошад.

Зимни ёдовар шудан аз саҳми бонувон дар рушди соҳаи телевизион ва радио Нуриддин Саид гуфт, ки имрўз дар воҳидҳои сохтории Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 876 нафар занону бонувон фаъолият мекунанд, ки аз ин шумора 63 нафари онҳо занону духтарони роҳбар ҳастанд.

Бояд гуфт, ки занону модарони тоҷик дар ҳифзу нигоҳдошти расму ойинҳои миллӣ ва суннату анъанаҳои ниёгон нақши муҳим доранд. Бо назардошти ин рисолати ниҳоят муҳим Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи суханрониҳои худ ба нерӯи занону модарон ва ҷавондухтарон такя карда, онҳоро борҳо «нигини пурҷилои тоҷи миллат» гуфтаанд.

Дар идомаи чорабинӣ кулли духтарону бонувони сохторҳои кумита бо тӯҳфаҳои пулии таъсиснамудаи раёсати кумита  қадрдонӣ карда шуданд.

Барномаи рангини консертӣ дар иҷрои ҳунармандони дастаҳои ҳунарии кумита ҷашни идонаро шукӯҳи тоза бахшид.