СУХАНРОНИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо ҷавонони кишвар

Ҷавонони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ!

Ҳар сол 23 -юми моҳи май мо яке аз ҷашнҳои муҳимми Тоҷикистони соҳибистиқлол – Рӯзи ҷавононро таҷлил менамоем.

Ба ин муносибат кулли ҷавонони кишвар ва ҳамаи шумо – ҳозирини гиромиро, ки такягоҳи боэътимоди давлат мебошед, самимона табрик мегӯям.

Ҳанӯз 17-уми марти соли 1994 мулоқоти нахустини ман бо ҷавонон ба ҳайси Сарвари давлат ва Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анҷумани якуми Иттифоқи ҷавонон доир гардида буд.

Хомӯш кардани алангаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, сарҷамъу муттаҳид сохтани ҷавонон дар он давраи бисёр сахту сангин ва ба фаъолияти созанда сафарбар намудани онҳо масъалаву вазифаҳои асосии мулоқоти мо буданд.

Умуман бояд гуфт, ки кор бо ҷавонон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ва ба фаъолият оғоз намудани ҳукумати қонунӣ аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок ва муҳимтарини сиёсати давлат эълон гардида буд.

Яъне ҳанӯз аз рӯзҳои нахустин банақшагирӣ ва татбиқи чорабиниҳо барои ҷавонони кишвар таҳти таваҷҷуҳ ва назорати доимии Ҳукумати мамлакат қарор дода шуд.

Зеро мо хуб дарк мекардем, ки таваҷҷуҳ ба ҷавонон ғамхорӣ барои ояндаи миллати тоҷик ва таҳкими неруи давлати Тоҷикистон мебошад.

Минбаъд бо мақсади дастгирии ҷавонон, ташаккул ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни онҳо, бо шуғл таъмин намудани ин қишри фаъоли ҷомеа, дарёфт ва дастгирии истеъдодҳои нав, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои насли ҷавон зарурати таъсиси мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти кор бо ҷавонон пеш омад.

Бинобар ин, моҳи майи соли 1997 қарори Ҳукумати мамлакат доир ба таъсиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, санаи 23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон эълон карда шуд.

Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳалли мушкилоти ҷавонон, роҳандозии тадбирҳои амалӣ вобаста ба тақвияти фаъолияти онҳо дар ҷомеа, таъмин кардани иштироки фаъоли ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар ниҳоди ҳар як намояндаи насли имрӯза давра ба давра иқдомоти мушаххасро амалӣ намуд.

Мо ҷавононро неруи созандаву бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеаи навини кишварамон ва ояндаи халқамон эълон кардем ва дар ҳалли ҳамаи масъалаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат то имрӯз ба онҳо такя мекунем.

Қобили зикри махсус аст, ки Тоҷикистони мо тибқи таҳлилҳои Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид аз ҷумлаи кишварҳои дорои афзалияти ҷавонон буда, синну соли миёнаи аҳолии он 22,5 солро ташкил медиҳад.

Дар баробари ин, тибқи маълумоти оморӣ зиёда аз 70 фоизи аҳолии кишварро ҷавонони то 35 – сола ташкил медиҳанд ва маҳз ба ҳамин хотир Тоҷикистон мамлакати ҷавонон ба ҳисоб меравад.

Нишондиҳандаи мазкур аз мо амалисозии тадбирҳои зиёдро дар самти таълиму тарбия ва рушди қобилиятҳои зеҳниву ҷисмонии насли ҷавони ҷомеа тақозо мекунад.

Бинобар ин, тайи қариб сӣ соли соҳибистиқлолӣ дар кишвари мо заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ташкиливу инфрасохтории сиёсати давлатии ҷавонон ташаккул ёфта, даҳҳо санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул ва маҷмӯи масъалаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ки бевосита ба ҷавонон дахл доранд, ҳаллу фасл карда шуданд.

Бояд гуфт, ки дар шароити пешрафти босуръати илму техника ва технологияҳо масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифату саводнокии ҷавонон ва ба омӯзиши илму донишҳои замонавӣ фаро гирифтани онҳо аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини мо ба ҳисоб меравад.

Мо бо мақсади баланд бардоштани шавқу завқи ҷавонон ба омӯхтани илму дониш, пеш аз ҳама, илмҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ, кашфиёту навоварӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии онҳо ва ҳавасманд гардонидани ҷавонони болаёқату соҳибмаърифат, ки метавонанд дар оянда барои пешрафти давлат ва ҷомеа саҳми босазо гузоранд, стипендия ва ҷоизаҳои гуногун таъсис додем.

Аз ҷумла ҳанӯз моҳи феврали соли 1998 стипендияи Президенти Тоҷикистон барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёна ва олии касбӣ ва моҳи марти соли 1998 ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илму техника корҳои намоён анҷом додаанд, таъсис дода шуд.

Ин иқдомро мо замоне амалӣ кардем, ки аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, яъне ба охир расидани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ҳанӯз як сол нагузашта буд.

Барои маълумоти ҷавононе, ки он рӯзҳо дар синни кӯдакӣ буданд ва аз вазъи воқеии он солҳо хабар надоранд, иброз медорам, ки соли 1998 мо дар ҳолати ниҳоят вазнини сиёсиву иҷтимоӣ ва буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ қарор доштем.

Бо вуҷуди чунин вазъият мо барои дастгирии наврасону ҷавонон чунин иқдомро амалӣ намудем.

Соли гузашта дар асоси дастури Роҳбари давлат зимни мулоқот бо масъулини соҳаи илму маориф ва аҳли зиёи кишвар шумораи стипендияҳои президентӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз 400 ба 3000, шумораи чунин стипендияҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ аз 100 ба 500 ва барои аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ аз 15 ба 50 расонида шуд.

Бояд тазаккур дод, ки аз шумораи умумии стипендияҳои президентӣ 70 фоиз ба фанҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ равона гардидааст.

Дар ин муддат, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи квотаҳои президентӣ барои ҷавонон аз 200 то ба 1252 расонида шуд.

Илова бар ин, бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии бештари олимони ҷавон шумораи ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимон ва муҳаққиқони ҷавон зиёд карда шуда, ҳоло ҳар сол 12 нафар бо ин ҷоиза сарфароз гардонида мешавад ва то ба имрӯз 163 нафар олимони ҷавон соҳиби ин ҷоиза гардидаанд.

Бо ташаббуси Ҳукумати мамлакат бо даҳҳо кишвари пешрафтаи дунё созишномаҳо имзо гардида, ҳоло ҳазорон нафар ҷавонони мо аз ҳисоби бурсияҳои ройгони барои Тоҷикистон ҷудошуда дар он давлатҳо таҳсил карда истодаанд.

Инчунин, барои дар сатҳи байналмилалӣ омода намудани мутахассисони ҷавон мо стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон»-ро таъсис додем.

Ба роҳ мондани таҳсили ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии кишварҳои хориҷӣ яке аз ибтикороти муҳимми Ҳукумати мамлакат дар самти рушди илму маориф ва ғамхорӣ нисбат ба ҷавонон маҳсуб меёбад.

Ҳоло дар хориҷи кишвар беш аз 40 000 нафар донишҷӯ, магистр, аспирант ва докторантҳои мо ба таълим фаро гирифта шудаанд.

Мо бояд минбаъд низ тавассути стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон», барномаҳои байналмилалӣ, бурсияҳо ва дигар имконоти мавҷуда таҳсили ҷавонони боистеъдодро дар хориҷи мамлакат вусъат бахшем ва барои иқтисоди миллии худ кадрҳои дорои сатҳи баланди касбият ва ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои байналмилалиро омода намоем.

Зеро ҳадафи бузурге, ки мо дар назди худ гузоштаем, яъне ба сатҳи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон баровардани давлати тоҷикон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки ҷавонони мо то чӣ андоза дар самти азхудкунии дастовардҳои илму техника ва технологияҳои муосир, инчунин, омӯхтани забонҳои хориҷӣ ҷаҳду талош менамоянд.

Мо дарёфти мақому ҷойгоҳи муносибу сазовор дар ҷомеаи мутамаддин ва пешрафтаро мақсаду мароми худ қарор додаем.

Барои расидан ба ин ҳадаф мо бояд қобилият ва сатҳи маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавононро баланд бардорем, насли нави дорои тафаккури пешрафтаву созанда ва аз дастовардҳои илму техникаи муосир бохабару баҳраварро тарбия намоем.

Ҳамчун бистсолаи омӯзиши илмҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ эълон гардидани солҳои 2020 – 2040 заминаҳои ҷалби бештари ҷавононро ба самтҳои мазкур фароҳам овард.

Ҳамчунин, охири соли гузашта ба хотири боз ҳам ҳавасманд намудани омӯзгорон ба таълиму тарбияи насли ҷавон барои олимону омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ ҷоизаи махсуси давлатӣ таъсис дода шуд, ки ҳар сол 15 нафар беҳтаринҳо метавонанд соҳиби он гарданд.

Ҷиҳати ҳарчи бештар мусоидат намудан ба раванди татбиқи бистсолаи эълоншуда мо тасмим гирифтем, ки озмуни навро бо номи «Илм – фурӯғи маърифат» роҳандозӣ намоем ва бовар дорем, ки дар аввалин соли натиҷагирӣ аз ин озмун, ки ба 30 – солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон мувофиқ омадааст, шоҳиди дастовардҳои назарраси ҷавонони ояндасоз ва ихтироъкору навовар хоҳем шуд.

Бо мақсади дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии донишҷӯёну магистрҳо ва аспиранту докторантҳо стипендияи онҳо аз 1 сентябри соли 2021 ба андозаи 30 фоиз зиёд карда мешавад.

Мо аз соли таҳсили 1997 – 1998 сар карда, барои ба таҳсил фаро гирифтани духтарони лаёқатманд аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис дода, ба он аз соли 2005 писарони болаёқатро низ шомил намудем.

Дар муддати 24 соли амали квотаи президентӣ аз 61 шаҳру ноҳияи кишвар ба 20 муассисаи таҳсилоти олии касбии мамлакат 22209 нафар хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (13388 нафар духтар ва 8821 нафар писар) ба таҳсил фаро гирифта шуданд.

Ҳоло дар 20 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар қариб 7000 нафар ҷавонон бо квотаи президентӣ таҳсил карда истодаанд.

Бар замми ин, бо фармони Президенти мамлакат ҷиҳати тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ фонди махсус таъсис дода, бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон барои омӯзгорони ҷавон имтиёзҳо муқаррар карда шудаанд.

Инчунин, барои дастгирии иҷтимоии олимони ҷавон, аспирантҳо ва донишҷӯдухтароне, ки бо квотаи президентӣ таҳсил мекунанд, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ 86 хобгоҳи замонавӣ бунёду азнавсозӣ ва ба истифода супорида шудааст.

Маҳз натиҷаи чунин дастгириҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҷавонон аст, ки таваҷҷуҳи онҳо ба омӯзиши илму дониш, аз ҷумла илмҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ кашфиёту ихтироъкорӣ ва азхудкунии ихтисосҳои замонавӣ афзун мегардад.

Дар робита ба ин, бояд тазаккур дод, ки соли 1992 дар кишвар ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 70 ҳазор донишҷӯ фаъолият дошт.

Соли 2021 дар кишвар 41 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо фарогирии 245 ҳазор донишҷӯ фаъолият менамояд, ки аз он 17 донишгоҳ, 14 донишкада, 1 академия, 3 филиали муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия, филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара, Консерваторияи миллӣ ва 4 муассисаи таълимии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ мебошад.

Вобаста ба ҳодисаҳои даҳшатноки оғози солҳои 90-уми асри гузашта бисёр донишҷӯён ва устодону омӯзгорон ба зодгоҳи худ баргашта рафтанд, зеро дар пойтахт таҳсил кардани онҳо ғайриимкон гардида буд.

Барои он, ки ҷавонони мо аз таҳсил дур намонанд, мо доир ба таъсиси муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар минтақаҳои кишвар қарор қабул кардем.

Ҳамин тавр, ба хотири таъмини шароити донишомӯзии ҷавонон ва баланд бардоштани сатҳи маънавиёти онҳо дар минтақаҳои гуногуни кишвар муассисаҳои нави таҳсилоти олии ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ сохта, ҳамаи онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир ва шароити ҳозиразамон таъмин карда шуданд.

Аз ҷумла, дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Донишгоҳи давлатии Хоруғ (соли 1992), Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб (соли 2015), Донишгоҳи давлатии Данғара (соли 2005), Донишгоҳи тиббии Хатлон (соли 2016), Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён (соли 2006) ва Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт (соли 2013) таъсис дода шуданд.

Дар вилояти Суғд Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент (соли 1991), Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (соли 1993), филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара (соли 1998), Донишкадаи кӯҳӣ — металлургии Тоҷикистон (соли 2006), Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд (соли 2010) ва Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд (соли 2010) ба фаъолият шурӯъ карданд.

Дар шаҳри Душанбе Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (соли 1991), Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат (соли 1991), Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон (соли 2009), Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (соли 1993), Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхоҷа Сатторов (соли 2003), Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам (соли 2007), Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон (соли 2013), Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2013) ва Донишкадаи тиббӣ – иҷтимоӣ (соли 2020) таъсис дода шуданд.

Ҳамзамон бо ин, ба хотири ҳамкориҳои судманд дар самти маориф бо Федератсияи Россия соли 1996 Донишгоҳи славянии Россия – Тоҷикистон, соли 2009 филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов, соли 2010 филиали Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи Москва ва соли 2013 Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе ба фаъолият оғоз намуданд.

Инчунин, дар самти омода намудани мутахассисони баландихтисос барои соҳаҳои ҳифзи ҳуқуқ, амнияти миллӣ, мудофиаи кишвар ва ҳифзи сарҳадот Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа, Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Мактаби олии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ таъсис дода шуд.

Агар соли 1991 муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро ҳамагӣ 13500 нафар донишҷӯён хатм хатм карда бошанд, дар соли 2020 шумораи хатмкунандагон ба 40000 нафар расидааст.

Ҳамчунин, дастуру супоришҳои мо дар робита ба таъсис додани муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ ва соҳибмаълумот намудани ҷавононе, ки ба гирифтани маълумоти касбӣ рағбат доранд, солҳои охир натиҷаҳои дилхоҳ ба бор оварда, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии давлатӣ ва ғайридавлатӣ дар ҳамаи минтақаҳои кишвар афзуда, ҳоло шумораи онҳо ба 28 расидааст.

Солҳои 1990 – 1991 дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ 40700 нафар донишҷӯ таҳсил мекард.

Ҳоло дар чунин муассисаҳо қариб 94000 нафар (60500 нафар духтарон) ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Соли таҳсили 1991 – 1992 дар муассисаҳои таълимӣ аз рӯи 80 ихтисос мутахассис тайёр карда мешуд.

Ин шумора дар соли 2021 ба 206 расидааст.

Шумораи хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ соли 1998-ум 5790 нафарро ташкил дода, ин рақам соли 2020 ба 23000 нафар баробар шудааст.

Дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 2500 муассисаи нави таълимӣ сохта, ба истифода супорида шудааст, вале бо дарназардошти афзоиши босуръати аҳолӣ ин нишондиҳанда ҳанӯз ҳам кам аст.

Бунёд ва ба истифода додани муассисаҳои таълимии типи нав бо шароити муосир ва ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ самараи даврони соҳибистиқлолии кишвар буда, ба хонандагон ҷиҳати аз худ намудани илмҳои пешрафта ва технологияҳои навин мусоидат менамояд.

Бо ин мақсад, бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои истиқлоли давлатӣ 9 мактаби президентӣ, 7 литсей барои хонандагони болаёқат, инчунин, 75 гимназия ва 75 литсей таъсис дода шуд, ки дар онҳо барои қариб 106 ҳазор хонандагони лаёқатманду боистеъдод беҳтарин шароити таҳсил фароҳам оварда шудааст.

Яке аз вазифаҳои афзалиятноки давлат дар соҳаи маориф дарёфт, дастгирӣ ва рушди хонандагони болаёқат мебошад.

Дар иртибот ба ин, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2014 «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020» қабул гардид.

Тибқи талаботи барномаи мазкур дар назди раёсатҳо ва шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо 72 маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо ташкил карда шудааст, ки дар онҳо 650 маҳфили фаннӣ аз рӯи 24 фанни таълимӣ бо фарогирии 9610 нафар хонанда амал мекунад.

Бо таъсис ёфтани марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва муҳайё гардидани шароити мусоид дар муассисаҳои таълимӣ, хусусан, мактабҳои президентӣ ва литсейҳо барои хонандагони болаёқат дастовардҳои хонандагон дар олимпиадаҳои байналмилалӣ бамаротиб афзудааст.

Агар хонандагони кишвар соли 2011 дар озмун ва мусобиқаҳо 96 ҷоиза гирифта бошанд, пас соли 2019 дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, ки дар чандин давлати пешрафтаи дунё баргузор гардиданд, фаъолона иштирок карда, сазовори 251 медал, аз ҷумла 67 тилло, 66 нуқра ва 118 биринҷӣ гардидаанд.

Ҷиҳати фароҳам овардани шароити боз ҳам хубтари таълиму тарбияи наврасону ҷавонон ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои кишвар бо маблағгузории Ҳукумати мамлакат, соҳибкорон ва аҳолӣ бунёди садҳо муассисаи таълимӣ босуръат идома дорад.

Мусаллам аст, ки насли соҳибмаърифату донишманд муайянкунанда ва ташаккулдиҳандаи маърифати миллат мебошад.

Вобаста ба ин, се соли охир ба мақсади боз ҳам баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии мардуми Тоҷикистон ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави сухандону суханвар, арҷ гузоштан ба арзишҳои милливу фарҳангӣ, рушди қобилияти эҷодӣ ва густариши эҳсоси худогоҳиву худшиносии аҳли ҷомеа озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор шуда истодааст.

Дар баробари озмуни мазкур, инчунин, соли сеюм аст, ки озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ҷараён дошта, барои кашфи истеъдодҳои ҷавон нақши муассир гузошта истодааст.

Озмуни мазкур саривақтӣ будани ташаббуси Ҳукумати мамлакатро собит намуд ва нишон дод, ки наврасону ҷавонони мо ба китобхонӣ ва эҷод намудан қобилияту истеъдод ва шавқу завқи зиёд доранд.

Фақат зарур аст, ки онҳо дастгирӣ ёбанд ва неруи ин табақаи фаъол ба самти созандагиву бунёдкорӣ роҳнамоӣ карда шавад.

Мо, ҳамчунин, бо қаноатмандӣ гуфта метавонем, ки имрӯз дар кишварамон олимону донишмандони содиқ ба илм зиёданд ва ҷавонони боистеъдод бо пайравӣ аз онҳо ба роҳи илму ҳунар бо ҷасорати хосса ворид мегарданд.

Мо аз онҳо дар пешрафти илм, фарҳанг ва ҳунар бозёфтҳои тозаро интизорем, зеро ҷавонони тоҷик ворисони мероси бузурги илмиву адабӣ ва фарҳангии ниёгони некноме мебошанд, ки назираш дар ҷаҳон кам аст.

Мо аз ҷавонони кишвар умеди калон дорем, ки вақтро ғанимат шуморида, ба хотири ояндаи неки Ватан ва пешрафти давлати соҳибистиқлол, омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар, забонҳои хориҷӣ ва аз худ кардани техникаву технологияҳои навтаринро вазифа ва мақсаду мароми ҳаррӯзаи худ қарор медиҳанд.

Бояд гуфт, ки ҷиҳати дастгирии наврасону ҷавонон бо қарорҳои Ҳукумати мамлакат якчанд шабакаҳои нави телевизионӣ, аз ҷумла соли 2005 телевизиони «Сафина», соли 2006 «Телевизиони кӯдакону наврасон – Баҳористон», соли 2015 телевизиони «Варзиш» ва дар заминаи он соли 2017 телевизиони «Футбол» ва соли 2020 «Илм ва табиат» таъсис дода шуданд.

Ҳадафи мо аз тамоми тадбирҳои амалигардида ин аст, ки насли оянда, яъне фарзандони мо бесавод намонанд.

Зеро яке аз сабабҳои асосии майл пайдо кардани одамон ба хурофот, ифротгароӣ ва радикализми динӣ маҳз бесаводист.

Зуҳуроти номатлуб ва хатарноки зикршуда тафаккури мардум, хусусан, наврасону ҷавонони камтаҷрибаро заҳролуд карда, онҳоро ба ҷаҳолат мебаранд, зиндагии ҷомеаро тираву торик месозанд ва боиси қафомонии давлат аз роҳи пешрафт мегарданд.

Такроран таъкид менамоям, ки хурофот ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат ба инсон ғайр аз бадбахтӣ чизи дигаре дода наметавонад.

Имрӯз бисёр кишварҳо техникаву технологияҳоро аз давлатҳои аз лиҳози илму техника пешрафта харидорӣ мекунанд, аз ҷумла мо ҳам.

Барои чӣ мо наметавонем, ки иқтидори зеҳнии худро ба кор андохта, техникаву технологияҳои заруриро эҷод ва истеҳсол кунем, то ин ки дастнигари дигарон набошем?

Барои ин илму дониш ва саводу маърифати мардум, махсусан, наврасону ҷавононро баланд бардоштан зарур аст.

Таъкид месозам, ки бо хурофот касе ба ҷое намерасад.

Бинобар ин, мо бояд ба таълиму тарбияи насли наврас эътибори доимӣ ва аввалиндараҷа диҳем.

Махсус таъкид месозам, ки нақши падару модарон дар ин масъала муҳим ва ҳалкунанда мебошад.

Вазифаи волидайн фақат ба дунё овардани фарзанд нест, балки тарбия ва фароҳам намудани шароит барои таълим ва рушди фарзанд аст.

Мутаассифона, баъзе падару модарон фикри ҳамаи чизро мекунанд, ғайр аз муҳайё кардани шароити зарурӣ барои таҳсил кардану саводнок шудани фарзанди худ ва ин корро ба мактабу омӯзгор ҳавола мекунанд.

Тайи даҳсолаҳои охир ман ҳамчун Роҳбари давлат бо 16 санади авф 160 ҳазор нафар шахсонеро, ки ҷиноят содир карда, ҳабс шуда буданд, авф кардам.

Ҳоло боз ҳазорҳо нафари дигар дар маҳбас қарор доранд, ки қисми зиёди онҳо ҷавонон мебошанд.

Ҳамаи онҳо низ падару модар доштанд, вале волидайн фарзандони худро аз хурдсолӣ бе тарбия гузоштаанд.

 

Чунин ҳолатҳо низ ба қайд гирифта шудаанд, ки баъзе шахсони авфшуда баъди як моҳ боз ҷиноят содир карда, паси панҷара мераванд.

Хотиррасон месозам, ки вазифаи давлат на ҷазо додани одамон, балки фароҳам овардани шароит барои таълиму тарбия, касбу ҳунаромӯзӣ ва зиндагиву фаъолияти орому осудаи ҳар як шаҳрванд мебошад.

Лекин падару модарон низ дар баробари давлат ва ҳатто бештар аз давлат барои таълиму тарбияи фарзандони худ бояд масъулияти баланд дошта бошанд.

Падару модарони муҳтарами мо, инчунин, вазифадоранд, ки ба масъалаи ба зиндагии мустақилона омода кардани фарзандони худ бисёр ҷиддӣ муносибат намоянд.

Тибқи маълумот дар се солу чор моҳи охир дар кишвар 252 ҳазор ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст.

Вале дар ҳамин давра қариб 38500 оилаҳои ҷавон пош хӯрдаанд, ки ниҳоят ташвишовар мебошад.

Дигар ҳолати нигаронкунанда никоҳи хешутабории наздик мебошад, ки падару модарон набояд онро нодида гиранд.

Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар се соли охир аз 9,5 фоиз то 13 фоизи кӯдакон дар чунин оилаҳо маъюб таваллуд шудаанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Барои баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои ҷавонон ва иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар соли 2015 дар назди Президенти Тоҷикистон Шӯрои миллии кор бо ҷавонон таъсис дода шуд.

Моҳи майи соли 2016 ҷаласаи нахустини шӯрои мазкур баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои марбут ба ҳаёт ва фаъолияти ҷавонон, татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, рафъи камбудиҳои ҷойдошта, дастгирии соҳаи варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим баррасӣ гардиданд.

Шӯрои мазкур, ки дар назди раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо низ амал мекунад, ҳамчун як майдони муҳимми баррасии масъала ва мушкилоти соҳаи ҷавонон, дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо ва дастгирии ташаббусҳои созандаи ҷавонон васеъ истифода карда мешавад.

Вобаста ба ин, таъкид месозам, ки мо ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо тамоми имкониятҳоро фароҳам месозем.

Мо умед дорем, ки ҷавонони мо ҳамчун табақаи аз ҳама фаъоли ҷомеа минбаъд низ ташаббусҳои созандаро амалӣ менамоянд, дастовардҳои истиқлоли давлатӣ – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро ҳифз мекунанд ва дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии давлатамон боз ҳам фаъолона ширкат меварзанд.

Бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти иқтисодиву сиёсии мамлакат мо соли 2017-ро «Соли ҷавонон» эълон карда будем, ки ба таҳкими бештари нақши ҷавонон дар ҷомеа ва фароҳам овардани шароити беҳтар барои онҳо мусоидат намуд.

Ин иқдом татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва фазои кору фаъолияти онҳоро дар муҳимтарин самтҳои ҳаёти ҷомеа, алалхусус, сиёсат, иқтисод ва фарҳанг тавсеа бахшид.

Қобили зикр аст, ки мо иштироки фаъолонаи ҷавонони мамлакатро дар сохтмони иншооти азиму тақдирсози кишвар, аз ҷумла неругоҳи барқи обии «Роғун» ва дар тамоми корҳои бунёдкориву созандагӣ баръало мушоҳида менамоем.

Аз 11 ҳазор нафар бунёдкорони иншооти азими аср – неругоҳи барқи обии «Роғун» беш аз чил фоизашон ҷавонони то сисола мебошанд.

Сафи ҷавонон дар соҳаҳои дигар, аз ҷумла саноату сохтмон, маорифу тандурустӣ ва кишоварзӣ низ торафт афзоиш ёфта истодааст.

Саҳми ҷавонон дар ҳифзи Модар – Ватан шоистаи таҳсин буда, онҳо дар тамоми ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои қудратӣ содиқона хизмат мекунанд ва дар ҳимояи сарҳади давлатӣ низ нақши бузург доранд.

Имрӯз қисми асосии хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Мо ифтихор дорем, ки ҷавонони бонангу номуси мо давомдиҳандагони кору фаъолияти насли калонсол, неруи тавоно ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, яъне ояндаи давлату миллат мебошанд.

Аз ин лиҳоз, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо минбаъд низ ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятнок ва муҳимтарини сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Яке аз самтҳои асосии дастгирии ҷавонон андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба рушди варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад.

Зеро варзиш муҳимтарин шуғли инсон, қабл аз ҳама, ҷавонон буда, воситаи муассири беҳдошти саломативу таблиғи тарзи ҳаёти солим ба ҳисоб меравад ва барои таҳкими дӯстии одамон, муаррифии давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ нақши бузург мебозад.

Мо дар замони соҳибистиқлолӣ бо мақсади баланд бардоштани самаранокии низоми тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш як силсила санадҳои меъёрии ҳуқуқиро таҳия ва қабул кардем.

Санадҳои мазкур ба ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш, бунёди иншооти варзиш ва баргузор кардани мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мусоидат намуданд.

Варзишгарони тоҷик танҳо дар панҷ соли охир дар мусобиқаҳои байналмилалӣ зиёда аз 2700 медал, аз ҷумла 783 тилло, 759 нуқра ва 1175 биринҷӣ ба даст оварда, ба шарофати пирӯзии онҳо парчами давлатамон борҳо дар фазои байналмилалӣ парафшон гардид.

Бо мақсади рушди ҳамаҷонибаи варзиш соли шашум аст, ки ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибони мусобиқаҳои байналмилалӣ супорида мешавад ва то имрӯз 184 нафар варзишгарон, ки номи Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ кардаанд, дар ҳаҷми умумии қариб чор миллион сомонӣ сарфароз гардонида шудаанд.

Дар натиҷаи таваҷҷуҳи доимии Ҳукумат ба ин соҳаи муҳим ҳоло шумораи мактабҳои варзиш ба 128, варзишгоҳҳо ба 124, майдончаҳои варзиш ба 7301, толорҳои варзиш ба 1807, ҳавзҳои шиноварӣ ба 92 ва иншооти махсуси варзиш ба 792 расида, ба кор оғоз кардани Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе имкони баргузор намудани чорабиниҳои сатҳи байналмилалиро фароҳам сохт.

Барои муқоиса хотирнишон месозам, ки шумораи умумии иншооти варзиш аз ҳазор иншооти соли 1991 ба 10220 иншоот дар соли 2020 расонида шудааст.

Яъне шумораи иншооти варзиш дар даврони соҳибистиқлолӣ беш аз даҳ баробар зиёд гардидааст, ки ин нишондиҳанда гувоҳи возеҳи ғамхории давлат нисбат ба ҷавонон мебошад.

Илова бар ин, дар назди дуюним ҳазор мактаби дар замони истиқлол сохташуда як толори варзиш ва як майдони варзиш низ бунёд шудааст.

Танҳо соли 2020, яъне соле, ки бо сабаби пандемияи коронавирус шароити мушкили иқтисодиву молиявӣ ба миён омад, барои наврасону ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар 147 иншооти варзиш ба маблағи 1 миллиарду 63 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд.

Бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи соҳибкорони бонангу номус ва шахсони саховатпеша, ки дар бунёди иншооти замонавии варзиш, яъне фароҳам овардани шароити беҳтарин барои наврасону ҷавонони Ватан ва дастгирии варзишгарон саҳми басо арзишманд гузоштаанд, сипосу миннатдорӣ баён менамоям.

Мо тасмим дорем, ки дар оянда низ ба оммавигардонии варзиш ва таблиғи тарзи ҳаёти солим диққати аввалиндараҷа дода, барои тарбияи варзишгарони касбӣ ва солимии аҳли ҷомеа шароити боз ҳам беҳтар фароҳам оварем.

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзишро зарур аст, ки якҷо бо Кумитаи миллии олимпӣ ва федератсияҳои соҳавӣ навъҳои мухталифи варзишро васеъ ҷорӣ карда, ҷиҳати баргузор намудани мусобиқаҳои варзишӣ тадбирҳои амалӣ андешад.

Дар робита ба ин, таъкид месозам, ки роҳбарону масъулони соҳа бояд ба куллан беҳтар кардани фаъолияти баъзе федератсияҳо, тарбия кардану ба камол расонидани варзишгарони касбӣ, истифодаи самараноки иншооти варзиш ва нигоҳубини онҳо эътибори ҷиддӣ диҳанд.

Дӯстони азиз!

Вақте мо ҷавононро умеди фардои кишвар, неруи созанда ва захираи стратегии давлату миллат меномем, ин суханон танҳо шиор набуда, балки маҳз ба ҷавонон вобаставу пайваста будани ояндаи давлату миллатро ҳамчун як воқеият баён менамоянд, зеро давлат ва миллате, ки дар бораи насли ҷавони худ андеша мекунад, дар асл ояндаи худро таъмин ва устувор месозад.

Маҳз ба ҳамин хотир, дар яке аз суханрониҳоям гуфта будам, ки «Рӯ овардан ба ҷавонон – рӯ овардан ба оянда» мебошад.

Мехоҳам ин андешаро имрӯз низ таъкид намоям, чунки мо ҷавононро воқеан ҳам насли ояндасоз, соҳибони фардои Ватан ва давлат медонем.

Бо дарназардошти ҳамин далел, мо ба корҳои роҳбарӣ пешбарӣ намудани ҷавонони соҳибмаърифату баландихтисос, соҳибкасбу забондон ва лаёқатманду ташаббускорро, ки талаботи замони муосир мебошад, аз мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ сар карда, то мақоми олии қонунбарор ва сохтору мақомоти марказӣ дар доираи барномаҳои давлатӣ, стратегия ва консепсияҳои мавҷуда амалӣ карда истодаем.

Ҳамчунин, чанд сол қабл бо мақсади дастгирии ҷавонон ба Конститутсияи мамлакат тағйирот ворид кардем.

Таҷлили Рӯзи ҷавонон, ки ҳамчунин ба муносибати он ҳафтаи ҷавонон доир мегардад, имсол ба истиқболи сиюмин солгарди истиқлоли давлатӣ рост омадааст.

Бо ифтихору қаноатмандӣ изҳор медорам, ки дар эъмори давлатдории миллии тоҷикон, ҳимояи дастовардҳои истиқлол ва рушду тараққиёти Тоҷикистон нақши ҷавонони бонангу номус бузург мебошад.

Ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсиву ташкилӣ таҷлил намудани ин ҷашни муқаддас бояд корҳои фаҳмондадиҳӣ дар миёни омма, аз ҷумла наврасону ҷавонон тақвият дода, доир ба дастовардҳои кишварамон бо ҷалби олимону зиёиён дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ, ташкилоту корхонаҳо, деҳаву маҳалҳои аҳолинишин, шаҳраку деҳот суҳбату вохӯриҳо ва гузаронидани ҳар гуна чорабиниҳо ба таври васеъ ба роҳ монда шавад.

Истиқлолу озодӣ муқаддастарину азизтарин неъмат ва бузургтарину арзишмандтарин сарват барои ҳар як миллат ва халқ мебошад.

Бинобар ин, мо бояд шукронаи ин неъмати бебаҳоро ба ҷо оварем ва барои ҳимояи он ҳамеша омода бошем.

Зеро таҷрибаи ҳар давлате, ки роҳи рушди мустақилонаро пеш гирифтааст, нишон медиҳад, ки истиқлолу озодӣ ҳамеша ниёзманди ҳимояи ҷиддӣ аст.

Мо инро аз қадамҳои аввали соҳибистиқлолӣ, замоне, ки қувваҳои мухталиф борҳо кӯшиши шикаст додани давлати ҷавони тоҷиконро доштанд, равшану возеҳ эҳсос намудем ва барои таъмин намудани амнияти давлат ва ҷомеа, ҳимояи муқаддасоти миллӣ ва рушди Тоҷикистони азизамон, пеш аз ҳама, ба ҷавонон такя кардем.

Ҷавонони ватандӯсту огоҳи мо бояд минбаъд низ ҳушёр бошанд ва нагузоранд, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯи дохиливу хориҷӣ дар шуури дигар наврасону ҷавонони мо мафкураи бегона, хурофотӣ ва ифротгароёнаро ҷой намоянд.

Ҷавонони гиромӣ!

Тақвияти фаъолияти волонтёрӣ ва таҳким бахшидани иттиҳоду ҳамбастагии ҷавонони кишвар дар атрофи сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат яке аз самтҳои афзалиятноки кор бо ҷавонон мебошад.

Бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» аз 19 сентябри соли 2013 ин самти фаъолияти ҷамъиятӣ хеле рушд карда, ҳоло дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва сохторҳои маҳаллии он ҳазорҳо нафар ҷавонон ба ҳайси волонтёр муттаҳид гардида, дар чорабиниҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ фаъолона иштирок карда истодаанд.

Мактаби волонтёрӣ барои ҷавонон ҳамчун арсаи ба ҳам овардани имконият ва неруи созандаи онҳо ҷиҳати анҷом додани амалҳои хайрхоҳона, иштироки фаъол дар корҳои ҷамъиятии манфиатбахш ва раванди худташаккулёбӣ мусоидат мекунад.

Мувофиқи мақсад дониста мешавад, ки ин самти фаъолият боз ҳам тақвият бахшида, неруи қишрҳои гуногуни ҷомеа ва дар навбати аввал, ҷавонон бо истифода аз тарзу воситаҳои волонтёрӣ ба ободу зебо гардонидани Ватани азизамон, ҳифзи муҳити зист, дастгириву кумак ба ятимону маъюбон, пиронсолон, оилаҳои камбизоат ва дигар шахсони ниёзманд равона карда шавад.

Бо ин мақсад, ба сохтору мақомоти дахлдор супориш дода мешавад, ки то моҳи ноябри соли ҷорӣ барномаи рушди волонтёрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2022 – 2025 таҳия ва пешниҳод намоянд.

Дӯстони азиз!

Коршиносон фароҳам овардани шароиту имкониятҳои воқеиро барои омода намудани ҷавонони эҷодкору ҳунарманд ва соҳибкасбу соҳибихтисос яке аз роҳҳои асосии рушди босуботи иқтисодӣ мешуморанд.

Дар кишвари мо захираи асосии иқтисодӣ ва меҳнатиро насли ҷавон ташкил медиҳад, яъне аз панҷ чор ҳисса ё 80 фоизи аҳолии аз лиҳози иқтисодӣ фаъол ҷавонон мебошанд.

Ҳар сол дар кишвар зиёда аз 180 ҳазор нафар ба бозори меҳнат ворид мешавад, ки аксари онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Дар кишвари мо тайи даврони соҳибистиқлолӣ беш аз як миллиону 150 ҳазор, аз ҷумла танҳо соли 2020-ум 193 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шудааст.

Мо ин равандро идома дода, тамоми чораҳоро андешида истодаем, ки ҳар сол на кам аз 100 ҳазор ҷойи нави корӣ муҳайё созем.

Таъкид месозам, ки аз шумораи умумии ҷойҳои кории таъсисдодашуда зиёда аз 70 фоизаш барои ҷавонон мебошад.

Роҳбарони вазорату идораҳо, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар сохтору мақомоти давлатӣ вазифадор карда мешаванд, ки тавассути ворид кардани технологияҳои пешрафта ва таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ барои ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ ва ҳарчи бештар бо шуғл таъмин кардани ҷавонон, бахусус, дар деҳот тадбирҳои иловагӣ андешида, ҳар моҳ ярмаркаи ҷойҳои холии кориро баргузор намоянд.

Илова ба тадбирҳое, ки аз ҷониби Ҳукумат дар самти таъмин намудани ҷавонон бо шуғл амалӣ шуда истодаанд ва бо дарназардошти «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 роҳбарону масъулини вазорату идораҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки фаъолияти худро доир ба бунёди корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, марказҳои дастгирии соҳибкорӣ, инчунин, марказҳои нави касбомӯзӣ ва ҳунармандӣ, ихтироъкорӣ ва паркҳои технологӣ барои ҷавонон ба таври ҷиддӣ вусъат бахшанд.

Бо дарназардошти ҳалли мушкилоти вобаста ба шуғли ҷавонон Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш вазифадор карда мешавад, ки якҷо бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ рӯйхати ном ба номи ҷавонони бешуғлро таҳия намуда, дар иртибот ба супориши Паёми Роҳбари давлат дар хусуси то соли 2025 соҳибкасб намудани ҷавонони то 25 – сола ва махсусан, бо роҳи зиёд кардани курсҳои касбомӯзӣ чораҳои мушаххас андешанд.

Таъкид месозам, ки бо шуғл фаро гирифтани ҷавонон, яке аз роҳҳои муассири рушди иқтисодӣ ва дар айни замон, омили кам шудани содиршавии ҷиноят ва дигар намуди ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби онҳо мебошад.

Тибқи маълумот танҳо дар соли 2020 аз ҷониби ҷавонон ё бо иштироки онҳо беш аз 4900 ҷиноят содир шудааст, ки қисми зиёди онро ҷавонони бекор содир намудаанд.

Вақтҳои охир нисбат ба 1660 нафар шаҳрвандони то 30 – сола, ки 41 нафари онҳо ноболиғ мебошанд, барои иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳона дар ҳудуди кишварҳои хориҷӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудаанд.

Илова бар ин, дар миёни ҷавонон паҳн гардидани бемориҳои сироятӣ, аз қабили вируси норасоии масунияти одам ва нашъамандӣ низ ташвишовар мебошад.

Ҳамчунин, масъалаи даст ба ҷиноят задани ноболиғон низ нигаронкунанда мебошад, зеро шумораи зиёди ҷиноятҳо аз ҷониби хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ содир карда мешавад.

Дар панҷ соли охир аз ҷониби ноболиғон ё бо иштироки онҳо 4437 ҷиноят содир гардидааст.

Ҳарчанд ки шумораи ҷиноятҳои дар соли 2020 содиршуда нисбат ба соли 2019 қариб 16 фоиз кам шудааст, вале 754 ҳолати ҷинояти аз ҷониби ноболиғон содиршуда ҳанӯз ҳам ташвишовар мебошад.

Барои касе пӯшида нест, ки имрӯз дастовардҳои муосири технологӣ дар баробари осон намудани фаъолият дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт шароитро барои роҳандозӣ намудани шаклу шеваҳои гуногуни расонидани зиён ба худи инсоният фароҳам сохтаанд.

Хусусан, барои раҳгум сохтани наврасону ҷавонон ва ба сафи гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ҷалб кардани ин қишри осебпазир аз шабакаи интернет ба таври васеъ истифода бурда мешавад.

Дар робита ба ин, бояд гуфт, ки солҳои охир 70 фоизи шахсони ба сафи ҷангиёни кишварҳои дигар, аз ҷумла Сурияву Ироқ шомилшуда аз байни муҳоҷирони меҳнатӣ тавассути шабакаҳои интернетӣ ҷалб ва истихдом гардидаанд.

Илова ба мушкилоти зиёде, ки дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ инсоният бо онҳо рӯ ба рӯ шудааст, масъалаҳои шиддатёбии хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ, шомилшавии ҷавонон ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, вусъат гирифтани радикализми динӣ, хурофотпарастӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, савдои одамон, нашъамандиву нашъаҷаллобӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб ҳаёти мардумони сайёра ва амнияти давлатҳоро ҷиддан халалдор сохта истодаанд.

Бо таъсири шабакаҳои мухталифи иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои иттилоотӣ баъзе аз ҷавонони сустиродаву ноогоҳи мо ба доми гурӯҳҳои манфиатҷӯ афтида, ба миллату Ватани худ хиёнат мекунанд, ба обрӯи мамлакат дар арсаи байналмилалӣ иснод меоваранд, падару модарон ва наздиконашонро дар байни ҷомеа шармсор месозанд.

Бахусус, дар шароити имрӯза, ки талоши тамоми қувваҳои иртиҷоиву ифротӣ барои таъсиррасонӣ ба мафкураи ҷавонон ва моил сохтану истифодаи қувваи бузурги онҳо барои амалӣ намудани ҳадафҳои муғризонаи худ равона шудааст, ҷавонони мо бояд бисёр ҳушёр бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва манфиатҳои милливу давлатиро ҳатто як лаҳза ҳам фаромӯш накунанд.

Дар чунин шароит вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ, кумитаҳои кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, телевизион ва радио, оид ба дин, танзими анъана ва ҷашну маросим бо ҷалби васеи зиёиён ҷиҳати ҳарчи зиёдтар огоҳӣ пайдо намудани ҷавонон аз таъриху фарҳанги халқи тоҷик, арзишҳои милливу умумибашарӣ ва равандҳои глобалии ҷаҳони муосир бояд корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни ҷавонон вусъат бахшида, иштироки боз ҳам фаъолтари онҳоро дар раванди эъмори давлати миллӣ ва ҷомеаи пешрафтаву мутамаддини иҷтимоӣ таъмин гардонанд.

Дар ин раванд, зарур аст, ки ҳамкорӣ миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Вазорати маориф ва илм, Кумитаи ҷавонон ва варзиш, падару модарон ва фаъолон ҷиҳати пешгирӣ кардани ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва наврасон тақвият дода, дар ин самт ҳарчи бештар чорабиниҳои таъсирбахш амалӣ карда шаванд.

Вобаста ба ин масъала, хотиррасон месозам, ки ҳалли мушкилоти ҳазорон нафар ҷавонони мо низ, ки дар хориҷи кишвар таҳсили илм доранд, аз ҷумла пешгирӣ кардани пайвастани онҳо ба созмону ҳаракатҳои ифротӣ фаъолияти мунтазам ва ҳамоҳангшударо талаб менамояд.

Дар ин самт вусъат бахшидани фаъолияти Шӯрои маҳфили ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдоштаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба воситаи сафоратҳо, консулгариҳо, ҷамъиятҳои ҳамватанони бурунмарзӣ, муассисаҳои таълимии мамолики хориҷӣ ва пурзӯр намудани назорати ин масъала аз ҷониби вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, корҳои дохилӣ, корҳои хориҷӣ ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳим мебошад.

Ҳамзамон бо ин, вазорату идораҳои дахлдорро зарур аст, ки ба фаъолияти маҳфил ҳамаҷониба мусоидат намоянд.

Тавре ки дар паёми Роҳбари давлат зикр гардид, ғамхории пайваста дар ҳаққи гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии онҳо яке аз муҳимтарин вазифаҳо ба ҳисоб меравад.

Таъминоти иҷтимоии ҷавонон, аз ҷумла дастгирии ятимони кулл ва аз оилаҳои камбизоат, ҷавонони имконияташон маҳдуд ва бекор самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ муқаррар гардидааст, чунки ин гурӯҳи осебпазир, пеш аз ҳама, ба дастгирии давлат ниёз дорад.

Мо андешидани тамоми тадбирҳои заруриро барои соҳиби илму дониш ва касбу ҳунар гардонидану ба ҳаёти мустақилона омода намудани наврасону ҷавонон дар оянда низ идома медиҳем.

Шумо – фарзандони азиз, ҳамеша дар ёд дошта бошед, ки ҳамаи заҳмат ва кору фаъолияти мо – калонсолон ба хотири муҳайё кардани шароити зарурӣ барои фардои ободу осудаи шумо равона шудааст.

Ояндаи давлат ва халқи мо ба шумо тааллуқ дорад ва маҳз шумо ҳамчун табақаи фаъоли ҷомеа умеду орзуи падару модар ва такягоҳи давлату миллат ҳастед.

Ғамхорӣ дар ҳаққи насли ояндасоз, тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои ҷавон ва ба хизмати давлатӣ бештар ҷалб намудани онҳо яке аз ҳадафҳои меҳварии сиёсати давлату Ҳукумат ва хусусан, Роҳбари давлат ба ҳисоб меравад.

Яъне дастгирии ҷавонони лаёқатманду соҳибистеъдод, донандаи забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосир, инчунин, муҳайё кардани тамоми шароити зарурӣ барои тарбияву ба камол расонидани мутахассисони ҷавон минбаъд низ дар маркази диққати мо қарор хоҳад дошт.

Шумо, ҷавонони азиз, бояд ҳамеша дар ҷустуҷӯи илму донишҳои муосир бошед, касбу ҳунарҳои замонавиро аз худ кунед, ба Ватан, миллат ва давлати соҳибистиқлоли хеш содиқ бошед, сарзамини аҷдодиро самимона дӯст доред, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро ҳимоя кунед, нангу номус ва ҳисси баланди миллии худро ҳифз намоед, эҳтироми падару модар ва пирону калонсолонро ба ҷо оваред.

Шумо, фарзандони азиз, ҳеҷ гоҳ виҷдону имони худро нафурӯшед, ба Ватани маҳбубамон, миллати бостониамон ва давлати соҳибихтиёрамон ҳаргиз хиёнат накунед.

Фаромӯш накунед, ки мардум хиёнат ва хиёнаткорро ба ҳеҷ ваҷҳ намебахшанд.

Шумо – ҷавонони саодатманд, ки ояндасозони ин Ватани биҳиштосо ва фардои Тоҷикистони азизу маҳбубамон мебошед, метавонед дар ҷаҳони пуртазоди муосир Тоҷикистони соҳибистиқлол ва манфиатҳои давлату миллатро ҳифз кунед, сарзамини аҷдодиро боз ҳам ободу зебо гардонед ва қарзи фарзандиву рисолати шаҳрвандии худро дар назди Модар – Ватан сарбаландона иҷро намоед.

Шумо бояд ифтихор дошта бошед, ки насли замони истиқлол ҳастед ва дар Ватани озоду соҳибихтиёр зиндагӣ мекунед.

Фаромӯш насозед, ки истиқлоли давлатӣ асос ва таҳкурсии хонаи обод, сари баланд ва зиндагии орому осудаи ҳар фарди соҳибдавлату соҳибватан мебошад.

Ҷавонон мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистони азиз мебошанд.

Мо ба ҷавонон эътимоди комил дорем, дастгирии самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат қадрдонӣ менамоем ва нақши арзишмандашонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар эҳсос мекунем.

Мулоқоти навбатии мо аз он ҷиҳат ҳам таърихӣ хоҳад буд, ки дар давраи омодагӣ ба истиқболи арзандаи ҷашни мубораки 30 – солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Фардои ин Ватани азиз аз ташаббусҳои наҷиб ва анҷоми рисолатҳои бузурги шумо оғоз мешавад.

Мо ба шумо ҷавонон – неруи бузурги созандаи кишвар эътимод мекунем ва бовар дорем, ки аз уҳдаи ин рисолати бузурги таърихӣ ва иҷрои вазифаи фарзандии хеш бо сарбаландӣ мебароед.

Бори дигар ҷашнро ба ҳамаи ҷавонони кишвар ва шумо, ҳозирини гиромӣ, самимона табрик гуфта, ба шумо – фарзандони азиз, тандурустӣ, бахту саодат ва барору комёбӣ орзу менамоям.

Ҳамеша сарбаланду хушбахт бошед!

Tags: