Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо иштироки Азим Иброҳим, муовини Сарвазири мамлакат ва Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд доир ба рушди ҳунарҳои мардумӣ машварат баргузор гардид.
Азим Иброҳим иброз дошт, ки «масъулин ва сокинони вилояти Суғд барои рушди ҳунарҳои мардумӣ эътибори хоса зоҳир намуда, дар давоми 3 сол ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд. Дар 18 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 159 маркази атласу адрасбофӣ ташкил гардид. Дар онҳо 490 дастгоҳ насб карда шуда, 240 нафар бонувони ҳунарманд зиёда аз 1100 нафар занону духтарони хонашинро ба омӯзиши ҳунари атласу адрасбофӣ ҷалб намудаанд».
«Бо мақсади рушди бештари ҳунарҳои мардумӣ дар вилояти Суғд Муассисаи давлатии «Маркази эҳё ва рушди атласу адрасбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои халқӣ» таъсис дода шуд. Таъсиси марказ, бешубҳа, барои рушди ҳунарҳои халқӣ нақши муассири худро мегузорад. Аз оғози фаъолияти марказҳои атласу адрасбофӣ дар вилоят 27 ҳазору 800 метр матоъ истеҳсол ва ба фурӯш бароварда шудааст»,- таъкид кард Абдураҳмон Қодирӣ зимни машварат.
Муовини Сарвазири мамлакат ба масъулини шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ки дар ҷамъомад иштирок доштанд, дастур дод, то дар ҳамкорӣ бо ҳунармандони вилояти Суғд марказҳои ҳунармандиро ташкил намуда, ҳунарҳои аҷдодиро эҳё ва бонувонро ба кор ҷалб намоянд.