Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ тамоюли коҳишёбии гирифторӣ ба COVID-19-ро дар ҷаҳон ба қайд гирифт

ТВТ. 17.06.2022. Сатҳи гирифторшавӣ ба коронавирус дар ҷаҳон дар як ҳафтаи охир коҳиш ёфта, сатҳи фавт 4% зиёд шудааст. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора дар бюллетени эпидемиологии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) гуфта мешавад.

Дар ҳамин ҳол, имрӯз ба СУТ дар бораи 543 151 357 ҳолати сироятёбӣ ва 6 338 140 ҳолати фавт маълумот расидааст. Теъдоди гирифторон дар як шабонарӯз 568 952 нафар ва фавтидагон 1296 нафар афзоиш ёфтааст.

Омори ТУТ танҳо маълумоти расман аз ҷониби давлатҳо тасдиқшударо дар бораи ҳолатҳо ва фавтҳо дар бар мегирад. Нишондиҳандаи гирифтории 200 миллион нафар 5 август, 250 миллион нафар — 9 ноябри соли гузашта, 300 миллион нафар — 8 январ, 350 миллион нафар — 25 январ, 400 миллион нафар — 10 феврал, 450 миллион нафар – 10 март ва 500 миллион нафар – 13 апрели соли равон сабт шуда буд.

ИМА аз рӯи шумораи ҳолатҳои тасдиқшуда дар ҷои аввал қарор дорад — 87 861 132 нафар. Баъд аз он Ҳиндустон (43 270 577), Бразилия (31 644 703), Фаронса (30 028 853), Олмон (27 095 988) ва Британияи Кабир (22 460 449) ҷойгир мебошанд.

Дар ИМА 1 037 928 ҳолати фавт, дар Бразилия — 668 892 ва дар Ҳиндустон — 524 817 ҳолат ба қайд гирифта шудааст. Дар Русия 380 270 нафар ва дар Мексика 325 340 нафар фавтидаанд.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон 3 ҳолати охири сирояти коронавирус моҳи феврали соли ҷорӣ ба қайд гирифта шуда буд. Аз оғози бақайдгирии COVID-19 то имрӯз дар маҷмӯъ 17388 нафар сироят ёфта, 17249 нафар (99,2%) аз ин беморӣ шифо ёфтаанд. Илова бар ин, то имрӯз 124 нафар шаҳрвандони кишвар бар асари ин беморӣ фавтидаанд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Tags: