Соҳибкорони вилоятҳои Суғд ва Фарғона 12 созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расониданд

ТВТ.13.09.2022. Соҳибкорони вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Фарғонаи Узбекистон 12 созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расониданд.

Тавре дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, созишномаҳои мазкур зимни дидору гуфтугӯ ва иштирок дар Форуми тиҷоратии доираҳои соҳибкории вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Фарғонаи Узбекистон ба имзо расиданд.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан иттилоъ дода буд, 8 сентябр ҳайати Ҷумҳурии Узбекистон бо роҳбарии ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров ҷиҳати иштирок дар барномаҳои идона ба муносибати 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Суғд омад. Инчунин дар он рӯз дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллои Рӯдакӣ намоиши молу маҳсулоти вилояти Фарғона ташкил карда шуда, Форуми соҳибкорони вилоятҳои Суғд ва Фарғона доир гардид.

Дар кори форум Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, соҳибкорону тоҷирони тоҷику узбек иштирок намуданд.

Ҳамчунин дар доираи сафари ҳайати Узбекистон шоми 8 сентябр дар Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» дар шаҳри Хуҷанд бозии дӯстона миёни дастаҳои футболи «Хуҷанд»-и Хуҷанд ва «Семенчӣ»-и Фарғона доир гардида, бо ҳисоби 1:1 ба охир расид.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Tags: