Сироҷиддин Муҳриддин бо котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодию иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором вохӯрии фосилавӣ анҷом дод

ТВТ. 11.05.2022. 10 май вохӯрии фосилавии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодию иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором (UNESCAP) хонум Армида Салсия баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот мусоҳибон атрофи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла дар самти таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои самаранок доир ба рушди савдои минтақавӣ, энергетика, нақлиёт ва ҳифзи пиряхҳо табодули назар карданд.

Ҷонибҳо инчунин ҷузъиёти баргузории иҷлосияи 78-уми UNESCAP (23-27 майи соли 2022, ш.Бангкок) ва Конфронси дуюми Душанбе оид ба татбиқи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» (6-9 июни соли 2022)-ро мавриди муҳокима қарор доданд.

Ёдовар мешавем, ки Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» 6-9 июни соли 2022 зери унвони «Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Tags: