Ширкати Тселл дар шаҳри Хоруғ Маркази нави хизматрасонӣ кушод

Дар шаҳри Хоруғ Маркази нави хизматрасонии ширкати мобилии Тселл ба фаъолият оғоз кард. Барои бунёд ва таъмини марказ бо таҷҳизоти муосир беш аз ним миллион сомонӣ сарф шудааст. Бо васл кардани таҷҳизоти муосир акнун муштариёни ширкат метавонанд аз алоқаи насли чорум ё худ 4G  истифода баранд.

Раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шаҳмирӣ зимни ифтитоҳи он изҳор дошт, ки «афзудани шумораи чунин марказҳо ба татбиқи «Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» кумаки беандоза мерасонад. Низоми «ҳукумати электронӣ» ҳамаи сохторҳои мақомоти давлатиро муттаҳид намуда, шароити фароҳам меорад, ки бо истифода аз шабакаи интернетӣ гардиши ҳуҷҷатҳои электронии байниидоравиро таъмин намоянд, ба шахсони ҳуқуқию воқеӣ хизматрасониҳои давлатӣ расонанд, ба арзу шикояти онҳо сари вақт посух гардонанд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ ба масъалаи мазкур таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, пайваста таъкид месозанд, ки «дар марҳалаи имрўза бо истифода аз усулҳои «ҳукумати электронӣ» ҳарчи васеътар ҷорӣ намудани коргузорӣ ва ба сатҳи сифатан нав бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарин ба ҳисоб меравад».

Раиси шаҳр изҳор дошт, ки «бе рушди технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ ва суръати муносиби интернетӣ  роҳандозии низоми «ҳукумати электронӣ» ғайриимкон мебошад. Бинобар ин бунёди маркази нави Тселл боз як қадами устувор барои дар амал татбиқ кардани консепсияи мазкур мебошад».

Дар маркази нав  утоқи махсус мавҷуд аст, ки дар он меҳмонону сайёҳон ва сокинони деҳоти дурдаст аз шабакаи интернет ройгон истифода мебаранд.

АМИТ «Ховар»

Tags: