Шарофат Қодироваи 100-сола пас аз шифо ёфтан аз COVID-19 ба хонааш рухсат шуд

11 июл бо кӯшишу талошҳои шабонарӯзӣ ва хизмати содиқонаву софдилонаи табибони Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе  корманди хизматнишондода, дорандаи медалу мукофотҳои давлатию меҳнатӣ  Шарофат Қодироваи 100-сола пас аз пурра шифо ёфтан ба хонааш рухсат дода шуд.

Тавре корбари «Фейсбук» Асомиддин Бобозода дар саҳифаи худ нашр намудааст, Шарофат Қодирова чанде қабл бо нишонаҳои бемории коронавируси COVID-19  дар беморхонаи мазкур бистарӣ шуда,  пас аз шифо ёфтан  ӯро роҳбарият ва кормандони беморхонаи мазкур бо рӯҳияи баланди қаноатмандӣ ба хона гусел намуданд.

Заҳмат ва талошҳои табибони Беморхонаи сироятии шаҳри Душанбе дар самти пешгирӣ ва табобати бемории COVID-19 дар мамлакат назаррас буда, дар ин шабу рӯз баҳри беҳтар намудани хизматрасонии босифати тиббӣ ба аҳолӣ талош доранд.

Ёдовар мешавем, ки 11 июл 21 нафар пас аз муолиҷа шифо ёфта, ба хонаҳояшон рухсат шуданд. Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то 11 июл дар кишвар 13 ҳазору 834 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 13 535 нафар (97,8%) шифо ёфтаанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: