Мавзўи асосии имрўза дар тамоми ҷаҳон паҳншавии босуръати вируси хатарноки COVID-19 мебошад. Дар ҳақиқат, ин мушкилоти ниҳоят ҷиддист, зеро бузургтарин қудратҳои ҷаҳонӣ натавонистанд, сари вақт пеши роҳи паҳншавии онро гиранд ва зуд аз он раҳо ёбанд. Дар ин муддат инчунин ҳазорҳо нафар шаҳрвандашонро бар асари ин беморӣ аз даст доданд.
Оре, имрўз масъала ниҳоят ҷиддӣ аст, зеро сухан атрофи қудрати маънавии миллатҳо меравад. Мубориза бар зидди коронавирус аз ҷангҳои рўёрў ҳам дида мушкилтар аст, зеро ин душмани ноаён ниҳоят хатарнок мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанўз ҳангоми суханронии хеш дар иҷлосияи нахустини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум изҳор дошта буданд, ки “Пайдо шудану босуръат паҳн гардидани коронавирус вазъи бе ин ҳам мураккаби ҷаҳонро боз ҳам мураккабу печида гардонидааст. Ҳоло ин пандемия дар беш аз 200 кишвари дунё паҳн гардидааст. Мо бояд ба он омода бошем, ки чунин озмоиши тақдир ё лаҳзаҳои душвор метавонанд дар кишвари мо низ ба вуҷуд оянд”.
Ин суханони Пешвои миллат қабл аз паҳншавии бемории мазкур дар кишвар ироа шуда буд ва Сарвари давлат хатари паҳншавии он дар мамлакати моро низ аз эҳтимол дур намедонистанд. Табиист, ки мо ҳам ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳастем ва вақте дар ҳама кишварҳои атроф осори ин зукоми ҳамагир мавҷуд буд, хавфи он ҳар лаҳза ба ҷомеа таҳдид мекард.Ҳукумати мамлакат аз рўзҳои аввали ба қайд гирифтани коронавирус дар кишварҳои дигар тамоми тадбирҳои пешгирикунандаро андешид, то ки он дар Тоҷикистон паҳн нагардад. Натиҷаи ҳамин тадбирҳо буд, ки бештар аз як моҳи дар кишварҳои ҳамсоя пайдо шудан ин вирус ба ҷумҳурии мо роҳ наёфт, аммо тавре зикр шуд, чун бузургтарин кишварҳо бо имконоти пешрафтаи иқтисодӣ натавонистанд пеши роҳи паҳншавии ин вирусро гиранд, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо он рў ба рў шуд.
Қабл ва баъд аз пайдо шудани он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳукумати мамлакат барои табобати беморону пешгирии паҳншавии вирус тамоми чораҳоро андешид ва натиҷаҳои хуб ҳам доданд. Дар бораи ин ҳамарўза тавассути воситаҳои ахбори омма маълумот мегирем. Мулоқот ва суханронии таърихии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва кормандони соҳаи тандурустии мамлакат боиси руҳбаландии тамоми сокинони кишвар ва ҳавасмандии табибон гардид. Аз аҳволи беморон ва шифоёбии бомароми онҳо тавассути заҳматҳои қаҳрамононаи табибон низ огоҳ ҳастем. Суханони табибонро низ мешунавем, ки онҳо ин амалро иҷрои рисолати касбӣ ва қарзи ватандории худ медонанд.
Сухани ҳакимонае, ки тазаккур медиҳад, вазъияти ҳассос қудрати маънавии миллатҳоро ба намоиш мегузорад, дар шароити муосир ба таври возеҳ собит гардида истодааст. Дар урфият мегўянд, ки дар рўзи мурда на ҳама барои сўгворӣ меоянд. Баъзеҳо бо интизорӣ, хурсандии ниҳонӣ ва заҳрханда изҳори тасаллият мекунанд, то соҳиби майитро низ бикушанд. Инҳо аз ҷумлаи пасттарин инсонҳои дунё ҳастанд. Фаромўш мекунанд, ки агар на дар ин сурат, агар на имрўз, на фардо, пасфардо ҳатман дасти тавонои марг дари онҳоро низ мекўбад. Интизор бояд бошанд. Аз ин роҳ касеро халосӣ нест.
Душманони давлату миллати мо, ки дар хориҷи кишвар ҳастанд, бори дигар пасттарин инсонҳои дунё будани худро дар чунин рўзҳои фоҷиабор ба намоиш гузошта, ботини хешро ошкортар сохтанд, зеро дар ҳар як гирифторӣ ва фавти як ҳамватани хеш онҳо ба истилоҳ “рақсу бозӣ”, хушҳолӣ ва якдигарро табрик мекунанд. Барои худ маъракаи хурсандӣ меороянд.
Аламовар аст, ки чунин касифон низ намояндагӣ аз халқи бузурги тоҷик мекунанд ва худро тоҷик меҳисобанд. Ҳар тоҷики бо нангу номус аз чунин ҳамватанони беномус хиҷолат мекашад. Хиҷолат мекашад, аз он ки онҳо ҳам худро тоҷик мегўянд, зеро чунин нокасиро, ки аз фоҷиаи инсонӣ табли шодизанӣ, ҳеҷ як одам, чӣ расад, ба мусулмон намекунад. Маълумоте, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардидаанд, дар ҳақиқат, ҳисси нафратро нисбат ба ин касифон дучанд мекунад, зеро онҳо шабу рўз худо мегуфтанд, ки коронавирус тезтар ба кишвари мо биёяд, тавассути сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ пешопеш табли шодӣ мезаданд, ки Ҳукумат назди он ночор мемонад, таҳлукаангезӣ ва тарсафканӣ мекарданд...
Боиси хушҳолист, ки Ҳукумати мамлакат тамоми чораҳои имконпазирро роҳандозӣ карда истодааст, ки мубориза бо ин пандемия натиҷаи дилхоҳ ба бор орад. Чунин ҳам шуда истодааст. Натиҷаҳои дилхоҳ ҳосил шуданд, авҷи беморӣ паси сар шуд. Аммо ин бадбахтон ҳарчанд тирашон хок хўрд, аммо аз вазъияти ҳассоси дигар, ки бинобар офати табиӣ рух дод, суистифода кардан хостанд, ки боз ҳам хушбахтона, ба ҳадафи нопоки худ нарасиданд.
Дар чунин шароит, ки фоҷиаи инсонӣ башариятро таҳдид мекунад, ташаббусҳо ва чораҷўиҳои Ҳукумати мамлакатро зери роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама самтҳои ҳаёти ҷамъиятӣ нодида гирифта, баръакс, сангандозӣ кардан нокасии маҳз аст. Чунин кирдори разилонаву ноадолататонаро миллат ҳеҷ гоҳ намебахшад. Ба лаънати халқ гирифтор шудан, бузургтарин ҷазоест, ки ҳеҷ гоҳ фаромўш намешавад. Ин хоинон ва фурўхташудагон бояд донанд, ки ин мушкил мегузарад. Халқи бузурги тоҷик бо сари баланд аз ин дида имтиҳонҳои ҷиддиву сангин зери роҳбарии Сарвари хирадманду оқил ва сабури хеш баромада буд ва боз ҳам сарбаландона ин мушкилро паси сар мекунад, вале рўсиёҳии ин бадниҳодон то абад дар хотири наслҳои баъдӣ боқӣ хоҳад монд.
Дилафрўз РУСТАМОВА