Россия омода аст ба лоиҳаҳои CASA-1000 ва ТАПИ ҳамроҳ шавад, изҳор намуд 4 феврал дар Бишкек Вазири корҳои хориҷии Россия Сергей Лавров. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии иттилоотии Sputnik хабар медиҳад
«Ширкатҳои мо омодагии худро барои пайвастан ба лоиҳаҳои CASA-1000 ва ТАПИ, ки аз лиҳози энергетикӣ ҷолибанд, дар марҳалаи аввали татбиқи ин лоиҳаҳо эълон дошта буданд. Онҳо гуфта буданд, ки дар сурати манфиатдории кишварҳои дахлдор омода ҳастанд ба ин лоиаҳо ҳамроҳ шаванд, — гуфт Сергей Лавров.
Вазири корҳои хориҷии Россия афзуд, ки то ҳол барои ҳамроҳ шудан ба лоиҳаҳои мазкур дархост пешниҳод нашудааст, аммо Россия омода аст шартҳои эҳтимолии ҳамкориро биомӯзад.
Дар ҳамин ҳол, Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Чингиз Айдарбеков эълон кард, ки ҷумҳурӣ барои ба даст овардани сармоягузориҳои Россия ҷиҳати роҳандозии лоиаҳои энергетикӣ манфиатдор аст.
Агентии иттилооти Sputnik ҳамзамон ёдовар шудааст, ки лоиҳаи CASA-1000 барои интиқоли қувваи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон пешбинӣ шудааст ва сохтмонаш идома дорад. Тахминан 70% интиқоли қувваи барқ аз Тоҷикистон ва 30% аз Қирғизистон дар назар аст. Мувофиқи созишномаи тарафайн дар чаҳорчӯбаи CASA-1000 ба Афғонистон ва Покистон то 5 миллиард кВт/с қувваи барқ интиқол меёбад.
АМИТ «Ховар» хотиррасон менамояд, ки лоиҳаи ТАПИ — ин сохтмони хати лӯлаи гази дарозиаш 1735 километр аз Туркманистон ба Афғонистону Покистон ва Ҳиндустон бо иқтидори солонаи 33 млрд метри мукааб газ мебошад, ки бояд бо маблағи $8 — $10 млрд бунёд карда шавад. Он бояд соли 2017 мавриди истифода қарор дода мешуд, вале расми ифтитоҳи он мавқуф гузошта шуд.
АМИТ «Ховар»