Тавре қаблан иттилоъ додем, субҳи 9 июл cафари кории Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон оғоз гардид.
Дар доираи сафар ба вилояти Хатлон Сарвазири мамлакат дар шаҳри Норак аз рафти татбиқи Лоиҳаи «Таҷдид ва навсозии НБО-и Норак» ва бо ҷараёни корҳои бунёди иншооти таъйиноти гуногун дар ҳудуди шаҳр шинос шуд.
Таъкид бояд кард, ки 20 марти соли 2019 бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Лоиҳаи «Таҷдид ва навсозии НБО-и Норак» оғоз гардид, ки аз ду марҳила иборат мебошад.
Имрӯзҳо ба хотири саривақт ва бо сифати баланд таҷдид ва навсозии ин иншооти бузурги гидроэнергетикии мамлакат мутахассисон бо истифодаи техникаҳои муосири соҳавӣ фаъолият доранд.
Иттилоъ дода шуд, ки то моҳи декабри соли равон як агрегати НБО-и Норак пурра таъмир ва навсозӣ шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.
Ҳамчунин дирӯз дар шаҳри Норак сехи коркарди маҳсулоти чубӣ ва коргоҳи истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ, маркази хизматрасонӣ, коргоҳи истеҳсоли нушоба ва партовгоҳи марказии шаҳр пас аз сохтмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар он наздик ба 40 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин карда шуданд.
Мавриди зикр аст, ки партовгоҳи марказии шаҳр дар доираи Лоиҳаи «Партовҳои сахти маишии шаҳри Норак» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкорӣ бо шарикони рушд сохта шуд.
Дар шаҳри Норак дар доираи тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сохтмон ва навсозии 193 иншоот ба нақша гирифта шуда буд, ки то имрӯз 77 тои он сохта, ба истифода дода шудааст.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани иншооти мазкур зиёда аз 200 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардиданд.
Дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Хатлон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ёвон аз лоиҳаи сохтмон ва навсозии бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Парчам, Нишони давлатӣ бо гулгашти атрофаш, боғчаи кӯдакона, сохтмонии майдончаи варзишӣ, шуъбаҳои қалб, шикастабандӣ ва осеббардории беморхонаи ноҳия, бинои баландошёнаи истиқоматӣ, бунёди коргоҳи истеҳсоли дастпӯшакҳои корӣ ва либосҳои таҳпӯши кӯдакона, барқарорсозии пули мошингузар, фермаи чорвои калони гуштӣ ва самаранок истифодабарии замин шинос шуд.
Аснои мулоқот бо фаъолон ва хоҷагидорон таъкид карда шуд, ки бо сабаби паҳн гаштани бемории сироятии COVID-19 ва мураккаб гардидани вазъияти кишварҳои ҷаҳон дар самти истифодабарии самараноки қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва саҳроӣ дарки масъулияти бештар ба миён омадааст.
Вобаста ба ҳолати ҷойдошта ҷиҳати 40 дарсад зиёд намудани майдони кишти картошка ва 60 дарсад афзоиш додани кишти такрорӣ аз ҷониби Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳои махсус дода шудааст.
Аз ин рӯ, масъулони вилоят, ноҳия ва фаъолону хоҷагидорон вазифадор карда шуданд, ки дар самти риояи қойдаҳои гигиенаи шахсӣ, истифодаи тавсияи мутахассисони соҳаи тандурустӣ, мақсаднок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигию саҳроӣ, захираи дусолаи маводи ғизоӣ ва дигар амалҳои лозима тадбирҳои фаҳмондадиҳиро дар миёни сокинон тақвият бахшанд.
Дар самти рушд бахшидани тадбирҳои бунёдкорию ободонӣ ба истиқболи ҷашнҳои миллӣ – Истиқлолияти давлатӣ низ дар ноҳияи Ёвон бо саҳми соҳибкорону шахсони саховатпеша сохтмони иншооти таъйиноти гуногун, аз ҷумла коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, маориф, тандурустӣ, хизматрасонию маишӣ, варзишӣ ва биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ҷараён дорад.
Бунёду ба истифода додани иншооте, ки дар ноҳияи Ёвон ба нақша гирифта шудаанд, дар баробари беҳтаршавии инфрасохтори деҳоти ноҳия ҳамзамон имкон фароҳам меоранд, ки дар вақти сохтмон ва пас аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтан шумораи зиёди сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гарданд.
Зимни шиносоӣ бо рафти тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ба Қоҳир Расулзода иттилоъ дода шуд, ки сокинони ноҳияи Ёвон бо пуштибонӣ аз сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талош доранд, ки ҷашнҳои миллиро бо дастовардҳои беназир дар сатҳи баланд истиқбол ва ҷашн гиранд.
АМИТ «Ховар»