ТВТ. 10.08.2022. 10 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Бояд гуфт, ки бинои замонавии Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумӣ бо дастгирии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масоҳати 1,40 гектар бо сарфи 7 миллиону 755 ҳазор сомонӣ бунёд шудааст.
Дар соли 2022 барои идомаи корҳои сохтмонӣ аз ҳисоби буҷети давлат 1 миллиону 800 ҳазор сомонӣ, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшани вилояти Суғд 844 ҳазор сомонӣ маблағ ва аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ барои ободонии атроф ва мумфаршкунии роҳҳои назди муассиса 650 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардид.
Корҳои пудратиро коргарони Ҷамъияти саҳомии “МПМК - Уротеппа” бо сифати баланд ва ҷавобгу ба талаботи рӯз ба анҷом расондаанд.
Бинои Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан” аз 3 ошёна иборат буда, Коллеҷ аз рӯи 13 ихтисосу равияҳои ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла санъат ва ҳунарҳои бостонии гулдӯзӣ, зардӯзӣ, кашидадӯзӣ, адрасу атласбофӣ ва қолинбофӣ, мутахассисони соҳибмаълумотро тайёр менамояд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар Коллеҷ 43 нафар устодону омӯзгорон, рассомон ва ҳунармандони халқӣ ба донишҷуён нозукиҳои ҳунарҳои халқии тарроҳии либосҳои миллӣ, кандакорӣ, армуғонсозӣ, наққошӣ, графика ва хаттотӣ, гаҷкорӣ, заргарӣ, оҳангарӣ ва ғайраҳоро меомӯзонанд.
Ҳайати омӯзгорони коллеҷ аз профессор, дотсент, 3 нафар номзади илм, 5 нафар аспирант ва 2 нафар магистрант иборат мебошад.
Дар Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан беш аз 270 нафар донишҷӯ аз шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суғду Хатлон ва дигар минтақаҳои Тоҷикистони азиз таҳсил доранд.
Донишҷуён дар баробари омӯхтани ҳунарҳои мардумӣ, инчунин имкон доранд, фанҳои фарҳангшиносӣ, таърихи Тоҷикистон, химия, математика, асосҳои соҳибкорӣ, технологияи информатсионӣ, асосҳои педагогика ва психология, забонҳои русиву англисӣ ва этикаи касбиро аз худ намоянд.
Зимни шиносоӣ бо шароити дар муассисаи таълимӣ фароҳамшуда Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба устодон барои истифодаи самараноки имкониятҳои ин даргоҳи ҳунар баҳри дар сатҳи баланд тарбия кардани шогирдон дастуру ҳидоятҳо доданд.
Дар ин даргоҳи ҳунар устодон ба шогирдон инчунин нозукиҳои фанҳои тахассусии рангакашӣ, расми соҳавӣ, композитсия, анатомияи пластикӣ, тарҳсозӣ, хаттотӣ, назарияи касбӣ, масолеҳшиносӣ ва ғайраро меомӯзонанд.
Дар муассисаи таълимӣ китобхонаи электронӣ фаъолият менамояд, ки зиёда аз 550 ҳазор нусхаи китобҳои электрониро доро мебошад.
Мавриди зикр аст, ки аз оғози таъсисёбӣ ҳунармандони коллеҷ зиёда аз 70 маротиба дар намоишгоҳҳои эҷодии шаҳрӣ, 33 маротиба дар вилоятӣ ва 29 бор дар озмуну фестивалҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ширкат намуда, сазовори ҷоизаву ифтихорномаҳо шудаанд.
Зимни суҳбат омӯзгорон ва устодони “Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан” ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваъда доданд, ки ба истиқболи ҷашни 30-солагии Иҷлосияи 16-уми тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои нақшаву чорабиниҳои тасдиқшударо дар самти таълиму тарбияи ҷавонон ва омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ бо сатҳу сифати аъло таъмин менамоянд.
Мавриди зикр аст, ки ташкилёбии Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан далели эътироф, пуштибонӣ ва ҳифзи ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Роҳбарияти олии сиёсии мамлакат ва падидаи наву нодири замони Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Манбаъ: prezident.tj