Дар ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба манзили истиқоматии шаҳрванд Абдуфаёз Одинаев ташриф оварда, бо ҳолати истифодаи замини наздиҳавлигии ин хонадон шинос шуданд.
Оилаи Одинаевҳо 37 садяк замини наздиҳавлигӣ дар ихтиёр дошта, онро самаранок истифода мебаранд.
Хусусан пас аз дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истифодаи оқилонаи заминҳои наздиҳавлигӣ хоҷагии мазкур низ чун дигар оилаҳои Тоҷикистон корро дар самти парвариши маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ дар замини наздиҳавлигиашон ҷоннок карда, имсол ҳам ҳосили хуб ба даст оварданд ва ҳам номгӯйи зироатро афзоиш доданд.
Тавре зимни боздид маълум шуд, ҳоло дар замини наздиҳавлигии Одинаевҳо булғориву помидор, ҷуворимаккаи дону карам нашъунамои хуб дошта, ба ин васила эҳтиёҷоти оилаи худро бо маҳсулоти худӣ қонеъ месозанд.
Аъзои оила ба Роҳбари давлат иттилоъ доданд, ки ҳамасола аз ҳамин замин то 1 тонна картошка ҷамъоварӣ намуда, дар тамоми фасли сол аҳли оилаву хешовандонашонро бо ин маҳсулот таъмин менамоянд. Ҳамчунин бо истифода аз меъёрҳои агротехникӣ оилаи Одинаевҳо аз замини наздиҳавлигӣ ҳосили хуби помидор низ ба даст меоранд. Тибқи ҳисоби пешакӣ, аз замини наздиҳавлигӣ имсол бештар аз 700 килограмм помидори хушсифат ҷамъоварӣ карданианд. Дар ин баробар ҳамасола ҳосили хуби булғориву бодиринг ва пиёз ҳам ҷамъоварӣ мекунанд.
Шаҳрванд Абдуфаёз Одинаев ҳамчунин дар ҳиссаи замини дар ихтиёрдоштааш гармхонаи хурд низ бунёд намудааст, ки асосан дар он кӯчати помидору бодиринг парвариш менамояд. Айни ҳол дар ин гармхона қаланфури булғорӣ хуб нашъунамо дошта, ҳосили дилхоҳ дорад.
Аъзои оила дар самти парвариши дарахтони мевадиҳанда низ таҷрибаи хуб дошта, бо истифода аз обу хоки ҳосилхез дар назди ҳавлиашон олучаву гелос, зардолу, тут ва навъҳои гуногуни ноку анҷир шинонидаанд, ки дарахтони он пур аз меваҳои шаҳдборанд. Хусусан дар ҳавлии хоҷагӣ навъҳои гуногуни себ пурбор буда, ба иттилои аъзои оила, аз ин ҳисоб низ ҳамасола ҳосили хуб ба даст оварда мешавад. Ҳамчунин дар замини наздиҳавлигӣ парвариши ангур хуб ба роҳ монда шудааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истифодаи оқилонаи заминҳои наздиҳавлигиро омили муҳим дар самти таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ номида, зикр карданд, ки ҳолати феълии ҷомеаи ҷаҳонӣ тақозо мекунад, ки дар ин самт кор ҷоннок карда шавад.
Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ки самараи замини наздиҳавлигии шаҳрванд Абдуфаёз Одинаев мебошад, дидан карданд. Таъкид гардид, ки ба воситаи истифодаи самараноки замини наздиҳавлигӣ оилаи мазкур ҳамасола маводи зиёди хӯрокворӣ захира мекунанд. Айни замон дар партави дастуру супоришҳои Сарвари давлат ин оила барои ду соли баъдӣ маводи ғизоӣ захира кардааст.
Оилаи Одинаевҳо чанд сол боз парвариши занбӯри асалро низ ба роҳ мондаанд. Айни ҳол сад оилаи занбӯри асалро нигоҳубин намуда, ба ин васила ҳам худ ва ҳам наздиконашонро бо асали хушсифат таъмин менамоянд. 20 оилаи занбӯри асал дар замини наздиҳавлигии онҳо нигоҳубин карда мешавад.
Ҳамчунин бонувони оила ҳунару маҳорати худро муаррифӣ намуда, таъкид доштанд, ки аз ҳисоби ҳосили замини наздиҳавлигиашон ҳамасола консерваю мураббо ва афшураи меваҷот омода мекунанду барои давраи тирамоҳу зимистон захира месозанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оилаи Одинаевҳо барои истифодаи пурсамари замини наздиҳавлигӣ ашёи рӯзгор ва бастаи китобҳои бадеӣ тақдим намуданд.
Сарвари давлат зимни суҳбати самимӣ дар гирди суфраи пурнозу неъмат, ки аз маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ оро ёфта буд, ба таҷрибаи оилаи мазкур дар самти истифодаи мақсадноку оқилонаи замини наздиҳавлигӣ баҳои баланд дода, бори дигар оид ба аҳамияти захираи маҳсулоти ғизоӣ аз ҷониби ҳар оила барои ду сол ва саҳм гузоштан дар татбиқи ҳадафи стратегии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — таъмини амнияти озуқаворӣ тавсияҳои судманд доданд.
Дар назди хонаи истиқоматии шаҳрванд Абдуфаёз Одинаев бонувони ҳунарманди ноҳияи Мӯъминобод ба хотири истиқболи Пешвои муаззами худ бо меҳру муҳаббати хосса намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор карданд.
Таъкид гардид, ки бо эълони Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ин ноҳияи кӯҳистон ҳунарҳои мардумӣ, хусусан ҳунарҳои дастии бонувон рушд карда, имрӯз ҷавонон барои омӯзиши он майлу рағбати зиёд доранд.
Бонувон ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои андешидани тадбирҳои саривақтӣ ҷиҳати такмил додани ҳунармандӣ дар мамлакат ва дастгирии шахсони соҳибкасб изҳори миннатдорӣ карда, таъкид доштанд, ки дар ҷавоб ба ин таваҷҷуҳу ғамхорӣ барои рушду равнақ додани чунин ҳунарҳо кӯшишу талоши бештар мекунанд.
АМИТ «Ховар»