Мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдов бо Вазири Девони Амири Давлати Кувайт Шайх Носир Сабоҳ ал-Аҳмад ас-Сабоҳ 19 октябр доир гардид.
Дар мулоқот масъалаҳои густариш ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистон ва Кувайт баррасӣ шуданд. Дар ин замина роҷеъ ба роҳҳои татбиқи амалии тавофуқҳое, ки зимни мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳадати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ ҳосил шудаанд, ҳамчунин доир ба масъалаи дар ояндаи наздик баргузор намудани чорабиниҳои муштарак ҷиҳати тавсеаи ҳамкории сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарии Тоҷикистон ва Кувайт табодули назар карда шуд.