Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) ва ширкати «Сoca-Соlа» /«Кока Кола»/ барои шомил намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хатсайри Ҷоми Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол изҳори миннатдорӣ намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд.
«Ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон омадани Ҷоми Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол барои мо рӯйдоди фараҳбахш аст. Мутмаинам, ки ин ба оммавигардии футбол дар мамлакат такони нав мебахшад. Ба ташкилкунандагон, ба ширкати «Сoca-Соlа» дар якҷоягӣ бо ФИФА ҷиҳати шомил намудани шаҳри Душанбе ба хатсайри Ҷоми Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол изҳори миннатдорӣ менамоям», — гуфт Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ.
Ёдовар мешавем, ки бори аввал дар таърих Ҷоми Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол ба Тоҷикистон омад. Ин ҷоми асосии футболро дар доираи «Сайри ҷом» ба Душанбе оварданд. Ташкилкунандаи эксклюзивии он ширкати «Сoca-Соlа» мебошад. Рӯзи душанбе, 5 феврал ҳамаи хоҳишмандон ва дӯстдорони футбол имкон пайдо намуданд, ки ҷомро дар «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе ва меҳмонхонаи «Hyatt Regency Dushanbe» бо чашмони худ бубинанд ва бо он акси хотиравӣ бигиранд. Дар Душанбе бо Ҷоми Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол беш аз се ҳазор нафар акс гирифтанд.
Маълумотномаи “Ховар”:
Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол аз 5 кг тиллои холис ( меъёри 18-қирота) сохта шудааст. Соли таъсисаш ба соли 1974 рост меояд. Баландии ин ҷом 36,5 см буда, қутри асосиаш 13 см-ро дар бар мегирад. Вазни умумии ин ҷоиза 6 кг 175 граммро ташкил медиҳад. Дар ҷом андоми ду шахс, ки дар дасташон кураи заминро нигоҳ медоранд, таҷассум ёфтааст. Ин ҷомро бори аввал дар чемпионати ҷаҳони соли 1974 футболбози немис Франс Беккенбауер болои сар бардоштааст.
Тарҳи ҷом аз ҷониби ҳайкалтароши италиёвӣ Силвиё Гассанӣ тартиб дода шудааст.
АМИТ"ХОВАР"