Мутухассисони Институти физикӣ-энергетикии Лейпунский (яке аз марказҳои пешрави илмии давлатии ширкати «Росатом») усули ҷолиберо дар табобати коронавирус эҷод карданд — яъне ба воситаи нурҳои ултрабунафш тоза кардани шушҳо. Дар ин бора дар мусоҳиба бо нашрияи расмии соҳаи атомии Россия — рӯзномаи «Страна Росатом», директори ИФЭ Андрей Говердовский изҳори ақида намудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Известия».
Ӯ мегӯяд, ки олимон ин лоиҳаро алҳол «Гази нурафкан» номидаанд. Қаблан ба касе муяссар нагардида буд, ки ба воситаи нурҳои ултрабунафш дохили ҷисми инсонро тамиз кунад, вале мутахассисони института тавонистанд роҳи ҳалли онро пайдо кунанд, менависад «РИА Новости».
Говердовский изҳор намуд, ки олимон молекулаҳо ва ҷузъҳои газеро интихоб менамоянд, ки вақти нафаскашӣ фаъол бошанд ва ҳангоми нафас гирифтан нурҳои ултрабунафшро бевосита ба шуш равона созанд. Директор ҳамчунин изҳори умед намуд, ки усули нав имкон медиҳад на танҳо COVID-19, балки бемориҳои сили шуш, саратони шуш ва бемориҳои дигар низ табобат ёбанд.
30 май дар Россия нахустин доруи зидди коронавирус «Авифавир» аз ҷониби Вазорати тандурустӣ маъқул ҳисобида шуд. Он аз ҷониби бунёди Россиягии сармоягузории мустақим ва «Химрар» истеҳсол мегардад. Номи тиҷоратии дору «Авифавир» буда, «Фавипиравир» номи байналмилалии бидуни иҷозатномаи ӯст.
Қаблан, худи ҳамон рӯз директори генералии маркази «Вектор» Ринат Максютов эълон намуд, ки ваксинаро бар зидди коронавирус таҳия кардааст, ки аз он ба тарзи чакондан ба бинӣ метавон истифода кард. Дар маҷмӯъ, се давои умедбахш дар муқовимат ба коронавирус эҷод шудаанд. Охири моҳи июн озмоиши доруҳо оғоз ёфта, моҳи сентябр ба итмом мерасанд.
АМИТ «Ховар»