Роҳбари ЮНИСЕФ ба ҳифзи кӯдакон дар мактабҳо даъват кард

Вазифаи мо дар назди кӯдакон- ин таъмини амнияти онҳо дар мактабҳо мебошад. Дар ин бора роҳбари ЮНИСЕФ Генриетта Фор дар робита ба ду фоҷеаи рухдода дар шаҳри Благовешенски Россия ва иёлоти Калифорнияи ИМА изҳор дошт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти СММ.

«Рӯзи панҷшанбе дар натиҷаи тирандозӣ дар як мактаби шаҳри Благовешенск, воқеъ дар шарқи Россия, ду хонандаи ин мактаб ҳалок шуданд», — ёдовар шуд Фор. – Баъди чанд соат ду хонанда дар як мактаби иёлоти Калифорнияи Амрико кушта шуданд».

Роҳбари ЮНИСЕФ дар робита ба марги кӯдакон изҳори нигаронӣ кард. «Ба оилаҳо ва наздикони қурбониён тасаллияти амиқ изҳор медорам», — омадааст дар изҳороти ӯ. — Мо барои шахсони фавтида андӯҳнокем ва аз вазъи маҷрӯҳону рӯҳан зарардидагон дар ташвишем. Мактаб- ин ҷоест, ки дар он ҷо умед ба бор меояд, дар он одамон хушбинанд ва аз ҳаёт танҳо чизҳои хубро интизоранд. Мактаб набояд ҷои зӯроварӣ ва куштор бошад».

Ба гуфтаи ӯ, вазифаи калонсолон- ин таъмини амнияти кӯдакон аст. Ӯ ёдовар шуд, ки соли гузашта ЮНИСЕФ дар байни ҷавонони 160 давлат назарсанҷӣ гузаронид ва яке аз талаботи посухдиҳандагон- ин қабул кардани қонунҳо дар бораи маҳдуд кардани интиқоли силоҳ ба мактабҳо- ҳам силоҳи оташфишон ва ҳам сард буд.

Роҳбари Бунёди кӯдакони СММ таъкид кард, ки амният дар мактабҳо калиди ояндаи осоишта барои сайёра аст. «Кӯдакон аз ҳукуматҳо хоҳиш доранд, ки чораҷӯӣ намоянд», — гуфт Фор. «Вақти амал кардан расид».

 ДАР АКС: вазифаи калонсолон- ин таъмини амнияти кӯдакон дар мактабҳо мебошад, хотиррасон мекунанд ЮНИСЕФ. БРСММ

АМИТ «Ховар»

Tags: