Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон академик Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ варзишгари шинохтаи тоҷик Дилшод Назаровро барои ғолибият ба даст овардан дар давраи ниҳоии мусобиқаи гурзандозӣ табрику шодбош намуд.
Аз ҷумла гуфт: «Боиси ифтихор аст, ки дар арафаи ҷашни биступанҷсолагии Истиқлолияти давлатӣ Парчами тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпиии Рио-де-Жанейрои Бразилия партавафшон гашт ва ин ба талошҳои варзишгари шинохта Дилшод Назаров тааллуқ дорад.
Донишгоҳи миллӣ бо шумули тамоми устодону донишҷўён, аспирантону докторантон ин пирўзиро ба Дилшод Назаров ва ба ҳама шаҳрвандони кишвар табрик намуда, барояш дар зиндагиву варзиш тани сиҳат ва комёбиҳои навбанав таманно доранд.
Бигзор Парчами тоҷик ҳамеша партавафшону оламгир бошад!»