24 сентябри соли равон дарҳошияи Иҷлосияи 73-юми Маҷмаи Умумии СММ мулоқоти махсуси вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣдар Осиё (МҲТБО) баргузор гардид, ки зимни он раёсат дар МҲТБО азҶумҳурии Мардумии Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мулоқоти мазкур Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин намояндагӣ кард. С Муҳриддин зимни суханронӣ вазирон ва намояндагони воломақоми кишварҳои аъзоро бо нақшаҳои минбаъдаи раёсати Тоҷикистон дар МҲТБО шинос намуд.
Таҳти раисии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Муҳриддин дар мулоқоти мазкур ҳамчунин вазирони корҳои хориҷии Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Шри Ланка, Туркия ва муовинони вазирони корҳои хориҷии Бангладеш, Камбоҷа, Ҳиндустон, Эрон ва Таиланд сухан гуфтанд.
АМИТ «Ховар»