Рамазон Раҳимзода бо Дэвид Рубино самтҳои ҳамкории муштаракро баррасӣ карданд

Имрӯз Рамазон Раҳимзода, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати филиали Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (АБА-РОЛИ) таҳти роҳбарии директори Ассотсиатсияи мазкур Дэвид Рубино мулоқот намуд.
Зимни вохӯрӣ Рамазон Раҳимзода ба Дэвид Рубино барои ҳамкории пайваста дар самти волоияти қонун дар Тоҷикистон, кумак дар омодасозии кадрҳо ва гузаронидани конференсия ва тренингу семинарҳо изҳори миннатдорӣ намуда, зикр кард, ки ҳамкории Вазорати корҳои дохилӣ бо ин Ассотсиатсияи бонуфуз ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон шурӯъ гардида, дар самти мукаммал намудани қонунгузорӣ ва соҳаҳои гуногуни фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ натиҷаҳои назаррас ба бор овардааст.
Дэвид Рубино, Директори филиали Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (АБА-РОЛИ) изҳор дошт, ки ҳамкорӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ, аз ҷумла бо Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурсамар ба роҳ монда шуда, як қатор тренингу семинарҳо доир гардида, китобҳои дарсӣ ба табъ расонида шуд. Дар ин ҷода саъю кӯшиши курсантони Академия дар омӯхтани илму дониш ва паҳлӯҳои гуногуни илми ҳуқуқшиносӣ боиси таҳсин аст.
Дар мулоқот ҷонибҳо барои боз ҳам тақвият додани муносибатҳо ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули афкор намуданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: