Раҳбари СММ ҳамлаҳои мушакиро ба Кобул маҳкум намуд

Пойтахти Афғонистон- Кобул 21 ноябр мавриди ҳамлаи мушакӣ қарор гирифт, ки дар натиҷа шумораи зиёди шаҳрвандон кушта ва захмӣ шуданд. Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш ин ҳамларо шадидан маҳкум кард ва хостори фавран хотима додан ба хушунат дар кишвар шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти ахбори СММ.

«Дабири кулли СММ ҳамлаи мушакии имрӯзаро ба Кобул, ки боиси ҳалокат ва захмӣ шудани теъдоди зиёди шаҳрвандон шуд, маҳкум кард. Вай ба оилаҳои қурбоншудагон таъзияи амиқ ва ба захмиён шифои оҷил таманно кард», — омадааст дар изҳороте, ки онро аз номи Дабири кулли СММ котиби матбуотиаш пахш намудааст.

Раҳбари СММ зарурати ба хушунатҳо дар Афғонистон хотима бахшиданро зикр намуд. Вай ибрози умедворӣ кард, ки дар доираи раванди музокироти сулҳ шиддати муноқишот зуд коҳиш меёбад ва ҳамлаҳо қатъ хоҳанд шуд.

«Конфронси дарпешистодаи «Афғонистон-2020″, ки бо иштироки намояндагони Афғонистон, Финляндия ва СММ 23-24 ноябр баргузор мешавад, имкониятест барои тасдиқи алоқамандӣ ба рушди мусолиҳатомез ва шукуфоии ояндаи кишвар», — зикр шудааст дар изҳороти Дабири кулл.

Бино бар гузоришҳои ВАО, 21 ноябр дар натиҷаи ҳамлаи мушакӣ дар пойтахти Афғонистон, аз ҷумла дар наздикии Минтақаи сабз, ки сафоратхонаҳо ва идораҳои байналмилалӣ дар он ҷо ҷойгиранд, беш аз 20 мушак таркид. Дар бораи ҳалокат ва захмӣ шудани одамон гузоришҳо пахш шудаанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: