Соли 2020 ҷашни яке аз ёдгориҳои бостонии кишварамон – шаҳри қадимаи Саразм доир карда ммешавад. Дар ин бора дирӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат, ки самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дарбар мегирад, сухан гуфтанд.
«Ин ҷашн, — гуфтанд Сарвари давлат, — имконият медиҳад, ки мо маданияти беш аз 5500-солаи аз ҷониби доираҳои илмии ҷаҳон эътирофшудаи худро ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ намоем. Ин солро ман муайян накардаам, олимони сатҳи байналмилалӣ омӯхтанд, санҷиданд, корҳои илмӣ гузарониданд ва муайян карданд».
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд, ки моро зарур аст ёдгориҳои таърихии худро ҳифз кунем, обод гардонем ва ба онҳо ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёдамон муносибат намоем.
«Ин қарзи мо дар назди таърих ва наслҳои оянда мебошад»,- гуфтанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
АМИТ «Ховар»