Нимаи дуюми рӯзи 26 апрел дар Маркази ҳамоиши миллии Чин Ҷаласаи дуюми сатҳи баланд кори худро идома дод.
Дар ин ҷаласа Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз аввалинҳо шуда, суханронӣ карда, ба ҷониби Чин барои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор кардани ҳамоиш изҳори сипос намуданд.
Сарвари давлат таъкид карданд, ки ҷаҳони муосир ва башарият рӯ ба рӯи мушкилоти глобалӣ, аз қабили таъсири буҳронҳо ба иқтисоди кишварҳо, муноқишаҳо, тағйирёбии иқлим ва нобаробарии иҷтимоӣ дар бисёр минтақаҳо гардидааст.
Барои ҳалли ин мушкилот пешниҳоди ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” вокуниши саривақтию серталаб ба шумор меравад ва он манфиатҳои иқтисодии бисёр давлатҳоро дар худ муттаҳид месозад.
Таъкид карда шуд, ки ҳудуди Тоҷикистон аз давраи қадим дар чорроҳаи машҳури роҳҳои тиҷорати Шарқу Ғарб қарор дошт ва дар тиҷорати ҷаҳонӣ барои рушди муносиботи бисёрасраи кишварҳои авруосиё бо мавқеи хоса хизмати шоиста кардааст.
Президенти мамлакат иброз доштанд, ки Тоҷикистону Чинро сарҳадоти умумӣ, муносиботи неки ҳамҷаворӣ ва дӯстӣ, ки аз қаъри асрҳо маншаъ мегирад, муттаҳид месозад.
Кишвари мо “Стратегияи миллии рушд барои то соли 2030”-ро татбиқ карда истодааст, ки он аз ҳадафҳои дарозмуҳлати стратегӣ ва рушди афзалиятноки мамлакат иборат мебошад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки ки кишварҳои иштирокчии ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” метавонанд аз таҷриба, имкониятҳои технологӣ, инноватсионӣ — сармоягузорӣ баҳри татбиқи лоиҳаҳои ояндадори истеҳсолӣ ва инфросхторӣ, истифода баранд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон дорои захираҳои бузург барои таҳияи лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, рушди инфрасохтор, коммуникатсия, саноат, бахши кишоварзӣ ва туризм, мебошад.
Зимни баромади худ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ташаббусҳои ояндадори Тоҷикистон бар нафъи минтақа, истифодаи имконоти кишвар оид ба канданиҳои фоиданок, дар ин замина рушд додани соҳаҳои гидроэнергетика, саноати куҳӣ, металлургияи ранга, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, саноати сабук ва хурокворӣ, андешаронӣ карданд.
Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки кишварҳои иштирокчии ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” тамоми талошҳои худро баҳри расидан ба ҳадафҳои таҳкими муносиботи дӯстӣ ва боварию эътимоди байниҳамдигарӣ равона месозанд.
АМИТ «Ховар»