Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Клуби варзишии «Парвиз Собиров»-ро дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

29 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт Клуби варзишии «Парвиз Собиров»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Муассиси клуби варзишӣ ҷаҳонпаҳлавон Парвиз Собиров мебошад ва толор бо риояи тамоми меъёрҳои сохтмонию меъморӣ ба маблағи 2 милиону 400 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби даромади шахсии ӯ бунёд шудааст.

Иншооти варзишӣ аз 2 ошёна иборат буда, масоҳати зери сохтмони он 468 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Дар клуби варзишӣ 15 нафар соҳиби ҷойи кори доими гардидаанд.

Тамоми таҷҳизотҳои варзишӣ дар асоси фармоиши махсус дар шаҳри Гуанчжоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин бо сифати ҷавобгу ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ сохта шудааст.

Дар ошёнаи якум толори машқи бадан дорои 45 намуд тренажёр барои 55 намуди варзиши чор гурӯҳ ҳар кадоме бо 20 нафарӣ дар ду баст, утоқи кории роҳбари маҷмаа, ҳуҷраи кории мураббиён, ҷойи ивазкунии сару либос, ҳаммом ва ҳоҷатхона дар ошёнаи дуюм толори машқу тамрини гуштини тарзи дзюдо барои 4 гурӯҳ ҳар кадоме бо 20 нафарӣ дар ду баст, дар маҷмуъ барои 100 нафар сохта шудааст.

Ифтитоҳи клуби варзишӣ имкониятҳои ба варзиш ру овардани ҷавононро дар пойтахт боз ҳам бештар кард.

Дар таҳхонаи бино ояндаи наздик дар нақша аст, ки барои занону бонувон толори машқи бадан бо тамоми таҷҳизот ба истифода дода шавад. Таҷҳизоти зарурии машқу тамрин харидорӣ шудааст.

Дар шафати маҷмааи варзишӣ таваққуфгоҳ барои 15 мошин дар назар дошта шудааст.

Атрофи бино чароғон карда шуда, гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шуд. Роҳравҳои наздимаҷмаа сафолакпуш гардидааст.

Ичунин дар толори мазкур 14-адад камераҳои мушоҳидавӣ ва 25-адад таҷҳизоти оташхомушкунӣ барои бехатарӣ аз сухтор насб гардидааст.

Баъди шиносоии пурра бо Клуби варзишӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми варзишгари шинохтаи кишвар Парвиз Собиров барои ташаббуси шоиста, бунёди иншооти муосири варзишӣ баҳои баланд дода, ҷиҳати ободии як гӯшаи диёр, таъсиси ҷойҳои корӣ ва фароҳам овардани шароити ҷалби сокинони шаҳр ба варзиш ва обу тоби бадан изҳори сипос карданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: