Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Хонаи ақди никоҳи «Қасри бахт»-ро дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуданд

15 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат бинои нави Хонаи ақди никоҳро, ки  «Қасри бахт» номгузорӣ гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз иншооти нав дидан намуда, бо кормандони Қасри бахт суҳбати самимӣ анҷом доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони бинои мазкур соли 2019 оғоз гардида, он бо сифати баланд ва бо назардошти талаботи муосири корӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар бино барои гузаронидани маросими ба расмиёт даровардани ақди никоҳи навхонадорон шароити зарурӣ фароҳам гардида,  бо ба истифода додани иншоот мушкилоти чандсолаи кормандони Хонаи ақди никоҳи шаҳри Душанбе дар самти надоштани ҷойи мувофиқу муносиби корӣ пурра ҳал гардид.

«Қасри бахт» аз се ошёна иборат буда, қабати  аввали он бо роҳравҳои барҳавою замонавӣ, ки бо роҳаткурсиву дигар таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардидаанд, муҷаҳҳаз мебошад. Дар ин ҷо толори ақди никоҳи миллӣ ва толори ақди никоҳи аврупоӣ бунёд гардида, мувофиқ ба завқу хоҳиш навхонадорон метавонанд никоҳи худро дар онҳо ба расмиёт дароранд. Ҳар толор имконият дорад, ки дар як вақт қариб ба 70 нафар хизмат расонад. Дохили толорҳои мазкур бо шароиту имконоти замони муосир таъмин буда, фазои мусоид барои онҳое фароҳам аст, ки қадамҳои аввалини худро ба зиндагии мустақил мегузоранд.

Роҳрав ва сақфу деворҳои иншооти нав бо назардошти санъати баланди миллии меъморӣ рангу оро ёфта, ҳунармандони маҳаллӣ бо усули оинабандиву гаҷкорӣ тавонистанд ба дохили бино ҳусни нотакрор зам намоянд.

Дар ошёнаи дуюми Хонаи ақди никоҳ чор ҳуҷраи корӣ ва дар ошёнаи сеюми он 15 ҳуҷраи дигари корӣ бунёд гардида, онҳо бо тамоми таҷҳизоти замонавии корӣ таъмин гардидаанд.

Ду толори барҳавои дигар низ дар дохили бинои мазкур барои гузаронидани ҷаласаву чорабиниҳо ташкил ёфтаанд. Ба хотири нигоҳубини дурусти ҳуҷҷатҳои шаҳрвандоне, ки аз қайди никоҳи давлатӣ мегузаранд, дар дохили бинои нав бойгонии алоҳида сохта шудааст. Дар иншооти мазкур ҳамчунин  системаи муосири таъмини гармӣ ва ҳавои сард насб гардидааст.

Зимни боздид кормандони бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои туҳфаи арзишмандашон дар Рӯзи умумиҷаҳонии оила изҳори миннатдорӣ карда, иброз доштанд, ки ифтитоҳи бинои мазкур масъулияти онҳоро дар самти иҷрои кори бар дӯш доштаашон дучанд менамояд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ ва шароиту имконияти иншооти нав баҳои баланд дода, кормандони бахшро вазифадор намуданд, ки бо роҳандозии хизматрасонии саривақтӣ, одобу муоширати намунавӣ бо шаҳрвандон сатҳу сифати хизматрасониро боз ҳам баланд бардоранд.

Бинои нави Хонаи ақди никоҳ дар яке аз мавзеъҳои сарсабзу хуррам – дар ҳудуди Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Душанбе бунёд ёфта, намои берунаи он низ бо сабку услуби хоси меъморӣ рангу оро ёфтааст. Дар саҳни иншоот чор фаввора ва ду суҳбаткадаи замонавӣ бунёд ёфтаанд. Ҳамчунин ин мавзеъро гулу бутта ва дарахтони ороишӣ зебу зинат медиҳанд.

Саҳни “Қасри бахт” шомгоҳҳон низ ҳусни нотакрор дошта, худи  бино ва атрофи онро чароғҳои рангорангу диққатҷалбкунанда ороиш медиҳанд. Ҳангоми сайру гашт шаҳрвандону меҳмонон аз ин зебоиҳо ҳаловати хосса хоҳанд бурд.

Хонаи ақди никоҳ дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, дар Рӯзи байналмилалии оила мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин рӯз дар Хонаи ақди никоҳ дар маросими хонадоршавии даҳ ҷуфти ҷавон, ки аксари онҳо ятим мебошанд, иштирок карданд.

Дар ин маросим Роҳбари давлат ба ҷавонон шаҳодатномаи ақди никоҳ ва туҳфаи пулӣ ҳадя намуда, онҳоро бо ин рӯйдоди муҳими ҳаёташон таҳният гуфтанд.

Ҳамчунин дар ин рӯзи хурсандӣ Пешвои муаззами миллат ба навхонадорон тамоми ҷиҳози рӯзгор, аз қабили яхдон, мошинаи ҷомашӯиву дарздӯзӣ, телевизор, қолин ва дигар ашёе, ки барои зиндагӣ зарур аст, тақдим намуданд, ки ин иқдом боиси болидарӯҳии ҷавонон гардид.

Бояд гуфт, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҳаёт ва шарту шароити зиндагии нафарони эҳтиёҷманд, ятим ва яккаву танҳо таваҷҷуҳи хосса дошта, дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз ҳолу аҳволи онҳо шахсан бохабар мегарданд ва барои дастгириву кумакашон пайваста тадбир меандешанд.

Зимни суҳбати самимӣ бо навхонадорон, Пешвои миллат таъкид доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба оилаву оиладорӣ, хусусан устувории оилаҳои ҷавон ҳамеша таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар ин доира то имрӯз тадбирҳои мушаххасро низ амалӣ намудааст. Саъю талош карда мешавад, ки сатҳи ҷудошавии оилаҳо коҳиш ёфта, сабабҳои он бартараф карда шаванд.

Навхонадорон дар навбати худ ба Роҳбари давлат барои ғамхории падаронаашон нисбат ба нафарони ятиму танҳо изҳори миннатдорӣ намуда, ваъда доданд, ки кӯшиш менамоянд бо барпо кардани зиндагии намунавӣ дар пойдориву солимии оилаҳо саҳм гузоранд.

АМИТ «Ховар»

Tags: