14 апрел дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Панҷакент Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 47 ба номи “Спитамен”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Бинои нави 3-ошёнаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 47 бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди корхонаи муштараки “Зарафшон” бунёд гардида, барои 806 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Бинои мактаб бо харҷи беш аз 9 миллиону 202 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст.
Бино дорои ҳуҷраҳои корӣ, хонаи омӯзгорон, 17 синфхона, аз ҷумла, синфхонаи фанҳои биология, физика, химия, технологияи иттилоотӣ, лингафонӣ, ҳамчунин китобхона, ошхона, толори варзишӣ ва маҷлисгоҳ барои 230 нафар мебошад. Муассиса бо компютер, тахтаҳои электронӣ, лавозимот барои гузаронидани озмоишҳо дар дарсҳои физикаву химия таъмин мебошад. Ба ғайр аз ин, дар муассиса биноҳои ёрирасон, ба монанди буғхона, анбор ва хонаи посбон сохта шудааст.
Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №47 ба номи Спитамени шаҳри Панҷакент барои татбиқи барномаи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ тамоми шароит фароҳам мебошад.
Омӯзгорон аз мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави муассиса рӯҳбаланд шуда, мақсад доранд дар оянда хонандагонро барои иштирок дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ бештар омода намоянд.
Бинои кӯҳнаи ин муассисаи таълимӣ соли 1966 барои 250 ҷойи нишаст дар як баст сохта шуда буд ва ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ набуд. Сохтмони бинои нави мактаби №47 дар шаҳри Панҷакент моҳи январи соли 2020 бо ҷалби меъморону сохтмончиёни маҳаллӣ шурӯъ шуда, он давоми беш аз 2 сол бо тарҳи замонавӣ ва шароити муосири таълимӣ қомат афрохт.
Бо мақсади ҷалби хонандагон ба тарзи ҳаёти солим ва машғул шудан ба варзиш, дар бинои нави муассиса толори варзишӣ бунёд шудааст. Дар ин толор муҳассилин ба обу тоби бадан, волейболу баскетбол ва дигар бозиҳои варзишӣ машғул хоҳанд шуд.
Дар атрофи муассисаи навбунёд гулҳои рангоранг ва дарахтони ҳамешасабз шинонида шуда, роҳравҳо сафолакпӯш гардидаанд. Ин ҳама ба намои зоҳирии мактаб зебогии дигар зам мекунад.
Пас аз шиносоӣ бо шароити муҳайёгардида дар бинои нави муассисаи таълимӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз хонандагон даъват ба амал оварданд, ки аз имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, илмҳои замони муосирро омӯзанд, забонҳои хориҷиро аз худ кунанд ва дар оянда чун шахси соҳибмаърифат ба Ватану давлат хизмат намоянд. Ҳамчунин Сарвари давлат омӯзгоронро ба таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва омӯхтани илмҳои муосир ҳидоят намуданд.
АМИТ «Ховар»