Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи XX Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ иштирок намуданд

12 феврал таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи XX Шӯро баргузор гардид.

Дар ҷаласа масъалаҳои ҷараёни иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратӣ, натиҷаҳои таҳлили рушди кластерӣ дар соҳаи агросаноатӣ ва масъалаҳои асосии лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи ояндаи Шӯрои машваратӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зимни баррасии масъалаҳои ҷаласа, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба амалисозии тадбирҳо дар самти  устувор намудани мавқеи ҷумҳурӣ дар ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”, муосиргардонии хизматрасониҳои давлатӣ ба доираҳои тиҷоратӣ дар асоси роҳандозии ҳуҷҷатгузории электронӣ, содагардонии расмиёти фаъолияти соҳибкорӣ ва таъмини фазои мусоиди сармоягузорӣ дар мамлакат, фаъолияти шӯроҳои машваратии минтақавӣ ва арзёбии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, ташкили ҷойҳои нави кор ва фаъол гардонидани сармоягузории хусусӣ, ташкили рейтинги миллӣ, низоми электронии Равзанаи ягона барои амалиётҳои содиротию воридотӣ, таъмини сифати баланди алоқаи интернет барои роҳандозии хизматрасониҳои электронии давлатӣ, ташкил ва рушди занҷираи иловашудаи маҳсулоти ниҳоӣ (кластерӣ) дар бахши агросаноатии ҷумҳурӣ, тибқи занҷираи “ашёи хом — истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ — дарёфти бозори фурӯш” ва дигар масъалаҳо ибрози назар намуданд.

Оид ба масъалаи якуми рӯзномаи ҷаласа-ҷараёни иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратӣ гузориши Котиби масъули Шӯро, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода шунида шуд.

Дар ин робита вобаста ба маротибаи чаҳорум ба даҳгонаи кишварҳои пешқадами ислоҳотгари ҷаҳон шомил гардидан ва 20 зина боло рафтани мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар байни 190 кишвари ҷаҳон ҷои 106-умро соҳиб шудани он дар арзёбии ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ” барои соли 2020, то декабри соли 2023 татбиқи меъёри пасткардашудаи андоз аз арзиши иловашуда дар соҳаи маориф 5 фоиз ва барои иҷрои корҳои сохтмонӣ  7 фоиз, ба муҳлати 6 сол аз пардохти андоз аз фоида (андози низоми содакардашуда), андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, андоз аз объектҳои ғайриманқул ва андози замин озод шудани субъектҳои хоҷагидории соҳаҳои парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда ва чорво, инчунин аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод намудани воридоти технологияву таҷҳизот ва мавод барои таъминоти соҳаҳои парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва молҳои бевосита барои эҳтиёҷоти худи субъектҳои хоҷагидор дар соҳаҳои мазкур воридотшаванда, аз андоз аз арзиши иловашуда ва пардохтҳои гумрукӣ озод кардани воридоти чорвои хушзот ва гӯштӣ, инчунин ҳама намуди хӯроки чорво, қабули “Тартиби аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷҳои гумрукӣ озод кардани воридоти ашёи хом барои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ”, аз 1 январи соли 2020 дар мақомоти андоз ба сифати соҳибкори инфиродӣ ройгон ба қайди давлатӣ гирифта шудани шахсони воқеӣ тибқи номгӯи намудҳои фаъолият оид ба истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва аз пардохти андозҳо озод гардидани онҳо, аз 2 январи соли 2020 аз байн бардоштани боҷи давлатӣ барои бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ ва коҳиш додани хароҷоти ин расмиёт, аз байн бардоштани меъёри 1%-и андоз аз фоида, тибқи механизми “Равзанаи ягона” оғоз гардидани фаъолияти Маркази амалигардонии “Равзанаи ягона, мониторинг ва кадастри шаҳрсозӣ” дар шаҳри Душанбе ва аз 1 марти соли 2019 дар реҷаи мустақим роҳандозӣ шудани қабули аризаи шаҳрвандон барои пешниҳоди шартҳои техникӣ ҷиҳати пайвастшавӣ ба шабакаи таъмини қувваи барқ ва тибқи он давоми 10 рӯз  баррасӣ гардидани он иттилоъ дода шуд.

Тибқи банди дуюми рӯзнома Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонулло Салимзода вобаста ба натиҷаҳои таҳлил оид ба рушди кластерӣ дар соҳаи агросаноатӣ сухан гуфта, аз ҷумла лоиҳаҳои Консепсия ва Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати мамлакат оид ба рушди кластери агросаноатӣ, масъалаҳои марбут ба фароҳам овардани заминаҳои татбиқи стандарти байналмилалии ГЛОБАЛ ГЭП (GLOBAL G.A.P-иро дар ҷумҳурӣ муаррифӣ намуд.

Оид ба масъалаи ниҳоии рӯзномаи ҷаласа Вазири саноат ва технологияҳои нав Заробиддин Файзуллозода сухан гуфта, масъалаи таҳлили вазъи соҳаи саноати мамлакат ва муайян намудани имкониятҳои нави баланд бардоштани иқтидорҳои соҳаро барои баррасӣ ба ҷаласаҳои оянда пешниҳод намуд, ки аз ҷониби аъзои Шӯро ҷонибдорӣ гардид.

Ҷиҳати баррасӣ ва муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа, инчунин раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд, роҳбари Намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян Питер Олтерс, роҳбари намояндагии Агентии Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Сабине Олтҳоф, роҳбари намояндагии Барномаи озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Олег Гучгелдиев, узви Шӯрои машваратӣ, роҳбари ҶДММ “Ресандаи Тоҷикистон” Равзанабону Негматуллоева, раиси Ассотсиатсияи миллии истеҳсолкунандагони шир ва маҳсулоти ширии Тоҷикистон Умед Шомуродов ва дигарон баромад карда, андешаҳои худро вобаста ба масъалаҳои баррасишуда иброз намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаро ҷамъбаст намуда, вобаста ба нуктаҳои дар он зикргардида ба вазорату идораҳо, масъулини дахлдор дастуру супоришҳо ва ба шарикони рушд тавсияҳои мувофиқ доданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: