Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунавои ноҳияи Рӯдакӣ дидан намуданд

27 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунавои ноҳияи Рӯдакӣ боздид намуда, бо фаъолияти он шинос шуданд.

Айни ҳол дар муассисаи мазкур 400 нафар аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Дар доираи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи доимии Сарвари давлат дар мактаб-интернат шароити муосир барои омӯзиш ва зисту зиндагонӣ фароҳам оварда шудааст.

Аз ҷумла, мактаб-интернат дорои 31 синфхонаи фаннӣ буда, ҳамчунин аз кабинетҳои методӣ, синфхонаи компютерӣ бо 22 адад компютер иборат мебошад.

Китобхонаи таълимгоҳ бо 8200 нусха китоби таълимӣ таъмин буда, ҳамчунин наздик ба 3 ҳазор китоби бадеӣ барои мутолеа дастраси хонандагон мебошад.

Китоби махсуси «Имову ишора» барои хонандагони синфҳои аз 1 то 3 ба пурагӣ дастраси хонандагон мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунавои ноҳияи Рӯдакӣ таваҷҷуҳи хоса, ба фаъолияти мутахассисон зоҳир гардида, дар ин доира наздик ба 60 нафар омӯзгорони соҳибтахассус, ки аз курсҳои махсуси бозомӯзӣ гузаронида шудаанд ба тарбиятгирандагон дарс мегӯянд. Мавриди зикр аст, ки ҳамчунин 7 нафар омӯзгори имконияташон маҳдуд низ ба дарсомӯзӣ машғул мебошанд.

Мусалам аст, ки шарту шароит ва имконияти зисту зиндагонии нафарони имконияташон маҳдуд зери таваҷҷуи доимии шахсии Сарвари давлат қарор дошта, дар ин доира дар саросари мамлакат пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. Аз ҷумла, давоми чанд соли охир мактаб-интернати мазкур аз таъмиру тармими пурра бароварда шуда, хобгоҳи муассиса бо 400 кати хоб бо шароити муосиру зарурӣ таъмин гардид. Утоқи тиббӣ, ки барои муолиҷаи кӯдакон пешбинӣ гардидааст бо 3 кати хоб таъмин буда, дар он дастгоҳҳои зарурии соҳавӣ васлу насб гардидаанду нафароне, ки ба муолиҷа фаро гирифта шудаанд ба дорувории ройгон дастрасӣ доранд. Ҳамчунин маҷлисгоҳ бо бештар аз 300 ҷой нишаст мавҷуд буда, хонандагон дар ошхона бо панҷ вақт хӯроки гарму серғизо таъмин мебошанд. Инчунин, хонаи истироҳатӣ, майдончаҳои варзишӣ дар ҳудуди мактаб — интернат бунёд ёфта, ҳаммом барои кӯдакон ва дигар шароитҳои зарурӣ муҳайё карда шудааст.

Зимни боздид Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъанаи нек ба тарбиятгирандагони мактаб-интернат туҳфаҳои идона тақдим намуда, онҳоро бо фарорасии Соли нави мелодӣ таҳният гуфтанд.

Таъкид гардид, ки ғамхорӣ нисбат ба ниёзмандон, пирону барҷомондагон ва маъюбон як ҷузъи муҳими сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил дода, дар ин доира пайваста тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад.

Сарвари давлат омӯзгоронро муваззаф намуданд, ки нисбат ба тарбиятгирандагони мактаб-интернат ғамхору меҳрубон бошанд ва тамоми кушишро ба харҷ диҳанд то хонандагон аз донишҳои муосир ҳамаҷониба бархурдор гарданд.

Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат ба хонандагони мактаб-интернат барои ба сайру тамошо баромадан 2 адад автобус тақдим намуданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: