Кормандони нуқтаи гумрукии «Панҷи-Поён»-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон ҳангоми гузаронидани муоинаи гумрукӣ ронандаи мошини тамғаи «ДАФ»-ро, ки рақами давлатиаш ТҶ 42-06 РР 01 аст бо ҷурми дар бордони мошин доштани маводи тамоку боздошт кардаанд.
Тавре Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ҳангоми тафтиш муайян гардидааст, ки ронандаи номбурда дар қисми поёнии бордони мошин пинҳонгоҳи махсус сохта, дохили он ба миқдори 3 ҳазору 500 қуттӣ, баробар ба 35 ҳазор қуттича сигарети тамғаи «PINE»-и истеҳсоли Кореяро зери халтаҳои пиёз устокорона ҷойгир намуда, мехост ба таври қочоқ ва бидуни назорати гумрукӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол бидиҳад.
«Ҳангоми пурсиш ронанда Г.Н. иқрор шуд, ки ӯ ин миқдор маводи тамокугиро аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дастрас намуда, бо мақсади тиҷорат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудааст»,-афзуд манбаъ.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ дар ин самт идома доранд.