Минбаъд шахсе корманди мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда метавонад, ки танҳо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад ва забони давлатиро донад. Дар робита ба ин масъала 2 ноябр вакилони Парлумони Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид намуданд.
Мансурҷон Умаров, муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни тавзеҳи лоиҳаи қонуни мазкур гуфт: «Тағйирот ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар намудани маҳдудият нисбат ба хизмати давлатӣ бинобар доштани шаҳрвандии давлати хориҷиро пешбинӣ менамояд». Мавсуф афзуд: «Тағйирот ба лоиҳаи қонуни мазкур аз лиҳози таъмини манфиатҳои миллӣ ва пешгирии хавфи дастрас гардидани маълумоти дорои сирри давлатӣ ё дигар иттилооте, ки метавонанд бар зидди Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода шаванд, саривақтист ва чунин маҳдудият барои хизмати ҳарбӣ дар мақомоти амнияти миллии кишвар мувофиқи мақсад аст».
АМИТ «Ховар»