ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН ПАРАФШОН ДАР САРОСАРИ ҶАҲОН – АЗ ҚУЛЛАИ БОМИ ҶАҲОН ТО АНТАРКТИДА ВА КАЙҲОН! Суратгузориши АМИТ «Ховар» бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 24 ноябри соли 2019

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман 24 октябри соли 1992 қабул гардидааст. Он аз матои росткунҷаест, ки дар рӯи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх, рахи мобайн ранги сафед ва рахи поён ранги сабз дорад.

Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад

Тоҷ дар парчам нишонаи халқи тоҷик аст. Ҳафт ситора: дар фарҳанги анъанавии тоҷик рақами «ҳафт» рамзи мукаммалӣ, таҷассуми хушбахтӣ ва накӯкорист. Ин фаҳмиш аз эътиқоди бостонии қадимаи тоҷикон бармеояд, ки тибқи он осмон аз ҳафт боғи зебои атрофашро ҳафт кӯҳ иҳотанамуда иборат буда, болои ҳар кадоми онҳо ситора нур мепошад. Ғайр аз ин, ҳафт ситора ҳафт минтақаи таърихӣ ва фарҳангии Тоҷикистони муосирро нишон медиҳанд: Суғд; Зарафшон; Ҳисор; Рашт; Вахш; Хатлон; Бадахшон.

Оғози моҳи сентябри соли 2011 Тоҷикистон дар китоби «Рекордҳои Гиннес» саҳми худро гузошт. Соли  2011 дар остонаи ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе  баландтарин парчам дар ҷаҳон, ки баландии  сутунаш  165 метрро ташкил медиҳад, барафрохта шуд. Дар Душанбе бахшида ба 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон баландтарин парчами ҷаҳон бо пояи 165 метр (рекорди қаблӣ 162 метр ба Озарбойҷон тааллуқ дошт) баланд карда шуд. Парчам 60 ба 30 метр буда, ҳадди ақал 700 кило вазн дорад.

Дар тӯли солҳои Истиқлолияти Тоҷикистон Парчами давлатии мамлакати мо борҳо дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардошта шуд, он дар баландтарин қуллаҳои кӯҳҳои Помир, дар балантарин нуқтаи Антарктида (қуллаи Винсон, 4892 м) ва тақрибан  тӯли 7 моҳ дар кайҳон парафшон буд!

АМИТ «Ховар»

Tags: