Пагоҳ дар Душанбе конфронси илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон–Президенти сулҳофар ва асосгузори давлати миллии тоҷикон» баргузор мегардад

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба муносибати  Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   бо мақсади  арҷгузорӣ ба арзишҳои миллии давлатдорӣ, пойдории Истиқлолияти давлатӣ ва таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишвар таҳти унвони  «Эмомалӣ Раҳмон – Президенти сулҳофар ва асосгузори давлати миллии тоҷикон»   конфронси илмӣ-назариявӣ баргузор менамояд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, конфронси мазкур   пагоҳ, 16 ноябр, соати 09:00  дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардида,  дар он намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои пойтахт, коршиносон, олимон ва муҳаққиқон иштирок ва маърӯза менамоянд.

АМИТ "Ховар"