Пагоҳ дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи роҳи оҳани Тоҷикистон боз як рӯйдоди муҳими сарнавиштсоз ба вуқӯъ мепайвандад. 24 август роҳи оҳани Душанбе- Қурғонтеппа- Кӯлоб мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, пойтахти ҷумҳурӣ- шаҳри Душанберо бо минтақаи ҷануби кишвар хоҳад пайваст.
Усмон Қаландаров-муовини раиси Корхонаи воҳиди давлатии /КВД/ «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар сохтмони қитъаи роҳи оҳани Душанбе- Қурғонтеппа- Кӯлоб дар зарфи шаш моҳи соли равон ба маблағи беш аз 61 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шуданд. Дар сохтмони ин иншооти бузурги дорои аҳамияти стратегӣ 13 ширкати роҳсозӣ ҷалб гардида, пудратчии асосии он ширкати «Роҳсоз»-и КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» мебошад. Инчунин барои сохтмони 5 пул ва се нақб дар қитъаи роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа- Кӯлоб, ки 40,7 км-ро ташкил медиҳад, беш аз 71 миллион сомонӣ сармояи хориҷӣ ҷалб гардидааст. Ба истифода додани қитъаи роҳи оҳани Душанбе- Қурғонтеппа-Кӯлоб аҳамияти бузурги иқтисодӣ дошта, дар рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар, хусусан рафту омади мусофирон, интиқоли молу маҳсулот, коҳиш додани нархи маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳои Душанбе, масолеҳи сохтмонӣ дар бозорҳои ҷануби кишвар нақши муассир мегузорад.
Сохтмони қитъаи роҳи оҳани Душанбе- Қурғонтеппа- Кӯлоб туҳфаи арзанда ба ҷашни бузурги миллӣ — 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, он дар татбиқи яке аз се ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ қадами муассирест.
Бояд тазаккур дод, ки алҳол Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои 977 км роҳи оҳан буда, тибқи маълумоти расмӣ дар зарфи 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 208 км роҳи оҳани нав ба истифода дода шудааст, ки тӯлонитарини он роҳи оҳани Қурғонтеппа- Кӯлоб бо дарозии 132 км ба шумор меравад.
Амит "ХОВАР"