Нуринисо Исрипшоева соҳиби Шоҳҷоизаи даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар пойтахт гардид

18 август дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ҷамъбаст гардида, магистри бахши якуми Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Нуринисо Исрипшоева сазовори диплом ва Шоҳҷоиза ба маблағи 35 ҳазор сомонӣ аз номинаи сарояндагии жанри анъанавӣ дониста шуд. Инчунин ғолибони 3 номина — композиторӣ, сарояндагӣ ва навозандагӣ дар жанрҳои академӣ, анъанавӣ ва эстрадӣ бо маблағи аз 5 то 15  ҳазор сомонӣ ва Ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.

Даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аз 9 то 12 август бо иштироки 167 нафар доир гардид.

Тавре  муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ  зикр намуд, озмуни мазкур ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 феврали соли 2021 ва қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе аз 18 майи соли 2021 баргузор гардид. Имсол дар мамлакат бори сеюм аст, ки бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ, баланд бардоштани маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ  Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» гузаронида  мешавад.

Мавсуф зикр намуд, ки имсол ба озмун нисбат ба ду соли гузашта таваҷҷуҳи  иштирокчиён бештар гардида, яке аз дигаре беҳтар ҳунари худро муаррифӣ менамояд. Соли гузашта дар даври шаҳрии озмун аз чор ноҳияи шаҳри Душанбе 102 нафар иштирок намуданд, ки аз ин шумора 38 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. 36 нафари онҳо дар даври ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.

Сардори шуъбаи фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Душанбе Нуралӣ Шоҳиён дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки «имсол барои баргузории озмун аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе беш аз 900 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Дар даври шаҳрии озмуни мазкур 167 нафар иштирок намуда, аз онҳо 66 нафарашон ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд».

Имсол дар низомномаи озмун тағйирот ва имтиёзҳои бештаре ворид гардидаанд.

Тавре раиси ҳакамон- Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Абдувалӣ Абдурашидов иброз дошт, «имсол раддабандии синнусолӣ барои иштирокчиёни гурӯҳи касбӣ ба таври зайл тақсимбандӣ гардид:  аз 12 то 17- сола ва  аз 18 то 40 — сола. Омӯзгороне, ки шогирдони онҳо дар даври сеюми озмун сазовори ҷойҳои якум мегарданд, бо нишони ифтихории «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида мешаванд. Инчунин ғолибони даври якум, дуюми озмун ва омӯзгорони онҳо ба таври моддию маънавӣ ҳавасманд гардонида мешаванд».

Дар даври шаҳрии озмун як гурӯҳ омӯзгороне, ки шогирдони онҳо дар озмун сазовори ҷойҳои якум, дуввум ва сеюм гардиданд, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо 5  ҳазор сомонӣ ва Ифтихорнома қадрдонӣ шуданд.

Ҳадаф аз баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбии онҳо, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди асарҳои нави мусиқӣ, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Дар ҷамъбаст аз ҷониби ғолибони даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» барномаи ҳунарӣ пешниҳод гардид.

АМИТ «Ховар»

Tags: