НУР ДАР КӮҲСОР. 8 деҳаи Ҷамоати деҳоти Ромит бо барқи доимӣ таъмин мешаванд

Ояндаи наздик деҳаҳои Ғускеф, Пичеф, Қоқӯ, Девдара, Новаки поён, Новаки боло, Пушандоч, Вистан ва Дашти мазори Ҷамоати деҳоти Ромит бо барқи доимӣ  таъмин мешаванд. Бо барқ таъмин шудани ин деҳаҳо дар доираи лоиҳаи «Барқтаъминкунии Ҷамоати деҳоти Ромит» амалӣ мегардад.

Аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки лоиҳаи мазкур аз  сохтмони як адад зеристгоҳи барқии 110/20/10 кВ (бо насби як адад трансформатори 10 Мегаволт — ампер), сохтмони тахминан 500 м хати интиқоли барқи 40 кВ,  47 км хати интиқоли барқи 20-киловолта, 15 км хати интиқоли барқи 0,4- киловолта  дар ҳамаи деҳаҳо, насби 9 адад трансформатори 20/0,4- киловолта ва насби низоми ҳисоби неруи барқ иборат мебошад.

13 июли соли 2019 дар Ҷамоати деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат маросими ифтитоҳи лоиҳаи «Барқтаъминкунии Ҷамоати деҳоти Ромит» бо иштироки Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода, Сафири Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори дафтари минтақавии Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ ва Раиси шаҳри Ваҳдат баргузор гардид.

Мавриди зикр аст, ки лоиҳаи мазкур бо дастуру супоришҳои Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷараёни сафари кориашон ба шаҳри Ваҳдат 4 июни соли 2016 баён доштанд, роҳандозӣ гардидааст.

Маблағгузории лоиҳа дар доираи ҳамкории дӯстона байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Кореяи Ҷанубӣ тавассути Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ (KOICA) дар заминаи Протоколи музокирот байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ  аз 14 феврали соли 2018 ба роҳ монда шудааст.

Бино ба маълумоти манбаъ, бо мақсади татбиқи лоиҳа аз ҷониби Ҳукумати Кореяи Ҷанубӣ тавассути Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ (KOICA) 6 000 000 доллари ИМА ба сифати грант пешниҳод гардидааст.  Хизматрасонии мушовирӣ дар доираи лоиҳа ба зиммаи яке аз ширкатҳои бонуфузи Корея – Корпоратсияи энергетикии Корея (KEPCO)  ва иҷрои корҳои сохтмонии он ба зиммаи ширкати ватании ҶСК «Тоҷикгидроэлектромантаж» вогузор гардидааст.

АМИТ «Ховар»

Tags: