Ба аҳолии Сарбанд, Ёвон, Данғара, Балхӣ, Панҷ ва Бохтар моҳияти қонунҳои ҶТ фаҳмонида шуд

Бо ташаббуси Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар шаҳру ноҳияҳои Сарбанд, Ёвон, Данғара, Балхӣ, Панҷ ва Бохтар силсилавохӯриҳо бо аҳолӣ гузаронида шуданд.
«Мақсад аз баргузории вохӯриҳо- баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, паст кардани сатҳи бекоршавии ақди никоҳ. пешгирӣ намудани ҳама гуна хушунату зӯроварӣ дар оила, пешгирии гаравиши ҷавонон ба гурӯҳу ҳизбҳои ифротгаро, иҷрои талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» мебошад»,-хабар дод манбаъ.

АМИТ «Ховар»

Tags: