Бо мақсади бартараф сохтани оқибатҳои бориши зиёд ва омадани сел, ки 11 май дар якчанд деҳаҳои ноҳияи Ёвон ба амал омад, дар ноҳия ситоди фаврии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон таъсис ёфта, тадбирҳои амалӣ андешида шуда истодаанд. Дар ин бора мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ноҳияи Ёвон Файзиддин Раҷабов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дод.
Бар асари селбориши 11 май аҳолии деҳаҳои Даштобод, Санҷитак, Парчасой ва Қайнама аз деҳоти Обшорон, деҳаҳои Зафаробод, Навобод, Рӯдакӣ ва Фирдавсӣ аз деҳоти Ситораи Сурхи ноҳияи Ёвон хисороти молӣ диданд.
Сели пуршиддат дар қисмати шарқии деҳоти мазкур аз маҷрояш баромада, якчанд манзили истиқоматии сокинонро ба куллӣ аз байн бурд ва ба чандин хонаҳо қисман зарар расонид. Ҳамзамон сел чандин сар чорво ва моли мардумро ба коми худ кашида, дар майдонҳои зиёди замин кишти зироатро вайрон кард.
Чор гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо шумули масъулин ва мутахассисони ҳама соҳаҳо хона ба хонаи сокинони зарардида гашта, хисороти ин офатро ҳисоб карда истодаанд. Аъзои гурӯҳҳои корӣ дар ин рӯзҳои мушкил дар бари зарардидаҳо истода, ба онҳо кумак мерасонанд. Бо анҷом ёфтани чорабиниҳои мушаххассозии зарар ба ҳар хонаводаи маҳаллаҳои осебдида ёрии моддию молӣ дастрас карда мешавад.
Имрӯзҳо сокинони дигар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Ёвон ба ҳамдиёрони худ кумакҳои бедареғ расонида истодаанд.
АМИТ «Ховар»