Дар шаҳри Душанбе 10-умин Фестивали анъанавии байналмилалии ҳунар ва муд «Диёри ҳусн» ва Фестивали ҷумҳуриявии «Ҷилваи ҳусн» ҷамъбаст гардиданд.
Ҷашнвора аз 24 то 27 ноябр идома ёфта, барои иштирок дар он косибон ва ҳунармандони зиёде аз ҷумҳуриҳои Афғонистон, Эрон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, инчунин аз дигар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе омада буданд.
«Намоиши мазкур барои ҷалб кардани ҷавонон ба ҳунари миллӣ ва ба ин васила ба насли оянда мерос гузоштани он мусоидат менамояд. Хуб мешуд, ки дар кишварамон чунин фестивалҳо бештар гузаронида шаванд, то мо тавонем либоси миллиамонро тарғиб кунем»,- иброз дошт Шаҳло Набизода, раиси бахши кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе
Дар доираи фестивал намоиши маҳсулоти ҳунармандон аз кишварҳои номбурда, намоиши муди либосҳои миллии тоҷикӣ ва Осиёи Марказӣ, дарсҳои сайқали маҳорат, конфронс дар мавзӯъҳои гуногун, аз қабили ҳунармандӣ, саёҳат ва нақши зан дар рушди он ва намоишҳои консертӣ баргузор гардиданд.
АМИТ «Ховар»